Author: Transcontrol

Санаи 6 марти соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ба муносибати Рӯзи Модар бо иштироки роҳбарияту кормандони Хадамот ва намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ занону бонувони Хадамот ва дар симои онҳо ҳамаи модарони тоҷикро ба муносибати Рӯзи Модар самимона шодбош гуфта, нақши зан-модари тоҷикро дар ҳифзи музафариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории навини миллӣ бузургу беназир арзёбӣ намуданд. Таъкид гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати инсонофариву ҳаётбахши модарони тоҷикро ҳамеша қадр намуда, ба сиришти поку номи нек ва…

Read More

Бонувони азиз ва модарони меҳрубон! Ҳамкорони арҷманд! Ҳамаи Шумо — занону бонувони соҳа ва дар симои Шумо тамоми модарони тоҷикро бо фарорасии иди зебои баҳорӣ – Рӯзи модар, сидқан табрику таҳният мегӯям. Модар азизтарин мавҷуди рӯи замин, тимсоли муҳаббати бепоён ва чароғи фурӯзони хонадони ҳар як инсон аст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Модар сарчашмаи ҳаёт, нигаҳдорандаи зиндагӣ ва пайвандгари наслҳо мебошад». Дар низоми нақлиёти кишвар нақши занон ва бонувони мутахассис хеле назаррас аст. Имрӯз бонувони мо дар баробари мардон дар самтҳои гуногуни комплекси нақлиётӣ — аз хизматрасонӣ…

Read More

    Санаи 4 марти соли 2026 дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар ҳошияи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон дар мавзуи “Рақамикунонии соҳаи нақлиёт дар меҳвари Паёми Пешвои миллат” бо иштироки роҳбарияту кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот семинари омӯзишӣ доир гардид.     Дар чорабинӣ зикр гардид, ки рақамикунонии иқтисодиёт ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисодӣ рақамӣ ва инноватсия” эълон гардидааст, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июни соли 2025, №АП-815 тасдиқ шудааст ва…

Read More

Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт мақоми назорати давлатӣ дар комплекси нақлиётӣ буда, назорати риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, обӣ, барқӣ, роҳи оҳан, саноатӣ ва хоҷагии роҳҳо ба анҷом расонида, фаъолияти онҳоро ба танзим медарорад. Қобили зикр аст, ки масъалаи ҳифзи роҳҳои автомобилгард аз вайроншавии бармаҳал ва танзими фаъолияти истифодабарандагони онҳо яке аз самтҳои асосии фаъолияти Хадамот мебошад. Маҳз тавассути назорати қатъии риояи қоидаҳои истифодабарӣ, мо метавонем устуворӣ ва бехатарии роҳҳоро барои муддати тӯлонӣ кафолат диҳем. Бояд таъкид намуд, ки ҳифзи роҳҳои автомобилгард аз фарсудашавии пеш аз муҳлат ва танзими қатъии фаъолияти истифодабарандагон дар меҳвари…

Read More

Тибқи банди 3 Нақшаи баргузории соатҳои сиёсӣ дар Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Назорати нақлиёт”-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои соли 2026 бо мақсади тавсеаи ҷаҳонбинии сиёсиву иҷтимоии ҷавонон, таҳкими ғояҳои ватандӯстӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсӣ, бо иштироки роҳбарият ва аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Назорати нақлиёт” соати сиёсӣ таҳти унвони «Артиши миллӣ – сипари давлату миллат» ба муносибати 33 – солагии таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Ҳамзамон қайд гардид, ки ҳифзи истиқлолият, амният ва суботи давлат яке аз муқаддастарин арзишҳои ҳар миллат ба шумор меравад.Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди Ватан…

Read More

      Афсарону сарбозони шуҷои Ватан ва ҳамкасбони азиз!     Бо камоли ифтихор ва эҳтироми бепоён, ҳамаи шумо ва дар симои шумо кулли мардуми шарифи кишварро ба муносибати 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният мегӯям.Ҳифзи истиқлолият, амният ва суботи давлат яке аз муқаддастарин арзишҳои ҳар миллат ба шумор меравад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар нақши бузург доранд. Таҷлили 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ нишонаи эҳтироми амиқи мардум нисбат ба муҳофизони Ватан ва рамзи ифтихори миллӣ мебошад.     Ин санаи таърихӣ барои ҳар шаҳрванди худогоҳ аҳамияти…

Read More

      Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар замони муосир яке аз самтҳои авлавиятноки соҳаи маорифи кишвар ба ҳисоб меравад. Зеро ҷараёни ҷаҳонишавй таъсири амиқи худро дар ин самт гузошта, марҳила ба марҳила аз шаҳрвандони кишвар донистани забони хориҷиро тақозо менамояд.    Зарурати омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар мадди назари давлату ҳукумат буда, Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати забондонии ҷавонон дастуру супоришҳои мушахас медиҳад.    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як вохӯрӣ ва мулоқоту…

Read More

Дар шаҳрҳои Загреби Ҷумҳурии Хорватия, Афинаи Ҷумҳурии Юнон ва Амстердами Шоҳигарии Нидерландия семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Барномаи муаррифкунандаи ҳолати бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва таъмини сифат ҳангоми сохтмони роҳҳо” баргузор гардид. Дар кори семинари мазкур ҳайати васеи намояндагони сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла: Вазорати нақлиёт; Вазорати молия; Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо; Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт; КВД “Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ”; МД “Маркази таълимии роҳсозон ва муҳандисони машваратӣ” иштирок намуданд. Ҳадафи асосии сафар шиносоӣ бо таҷрибаи пешқадами кишварҳои Аврупо дар самти истифодаи технологияҳои муосир барои назорати сифати роҳсозӣ ва баланд бардоштани сатҳи бехатарии ҳаракат дар…

Read More

Кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бо мақсади муайян намудани вазни воситаҳои нақлиёти автомобилии боркаш дар нуқтаи баркашӣ воқеъ дар ноҳияи Муъминобод мавзеъи “Тебалай” аз тарозуи динамикии замонавии муосир истифода намуда, ки ин усули кор аз ҳисоби сарфаи вақт ва дақиқии нишондоди баркашӣ бартарияти зиёд дорад. Нуқтаи баркашии мазкур бо камераҳои назоратӣ муҷаҳҳаз буда, ҳамзамон андозаҳои воситаи нақлиёт ба таври автоматикӣ ҳангоми гузаштан муайян карда мешавад. Тасмим гирифта шудааст,кимарҳила…

Read More

     Санаи  6.02.2026  дар КВД “МСКХСН”  Хадамот дар  тибқи супоришҳои протоколии Сардори Хадамот муҳтарам Қурбонзода Д.Қ. ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳо аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар ва маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 дар воҳидҳои сохтории Хадамот ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босамари онҳо гузаронидани маҷлисҳои назоратӣ бо маром идома дорад.       Дар маҷлисҳо таваҷҷуҳи зиёд ба масоили пурра пешгирӣ ва бартараф намудани гузариши воситаҳои нақлиёти гаронвазну калонҳаҷми аз меъёри муқаррарӣ зиёд ва андешидани чораҳои дахлдор нисбати борфиристонанда, боргиранда ва соҳиби бор…

Read More