Душанбе, 27 июли соли 2026 — Дар дастгоҳи марказии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт таҳти раёсати Сардори Хадамот Қурбонзода Д.Қ. вобаста ба масъалаҳои баррасии натиҷа ва дастговардҳои нақлиётчиёни автомобилии ҷумҳурӣ дар давраи соҳибистиқлолии давлатӣ ва баррасии масъалаҳои муҳими соҳавӣ ва таҳкими интизоми хизматӣ ҷаласаи хизматии кормандони сохторҳои марказӣ ва минтақавӣ баргузор гардид.
Дар кории ҷаласа муовини якуми сардори Хадамот Раҳимзода М.У., сардорону кормандони шуъбаву бахшҳои Дастгоҳи марказӣ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва муовинони онҳо, инчунин сардорону кормандони филиалҳо ва воҳидҳои сохтории Хадамот иштирок намуданд.
Сардори Хадамот Қурбонзода Д.Қ. аҳли нишаст ва дар симои онҳо тамоми аҳли заҳмати соҳаро ба муносибати иди касбӣ — **«Рӯзи касбии нақлиётчиёни автомобилӣ» самимона табрику таҳният гуфта, нақши бузурги нақлиёти автомобилиро дар пешрафт, тараққиёт ва рушду шукуфоии мамлакат таъкид намуданд. Вай иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёт ба фаъолияти соҳа ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо таваҷҷӯҳи махсус ва пайваста зоҳир менамоянд.
Дар рафти ҷаласа вазъи имрӯзаи хизматрасониҳои нақлиёти автомобилӣ, дастговардҳо ва камбудиҳои ҷойдошта мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтанд. Масъалаҳои зерин ҳамчун афзалиятҳои асосии фаъолият муайян карда шуданд:
– баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва таъмини пӯрраи бехатарии боркашонӣ ва мусофирбарӣ;
– риояи фарҳанги баланди муошират ва рафтори намунавӣ миёни ронандагон ва нисбат ба мусофирон;
– пурзӯр намудани назорат ҷиҳати пешгирии ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн ва пешгирӣ аз вайроншавии бармаҳалли роҳҳои автомобилгард.
Дар идомаи ҷаласа Сардори Хадамот ба масъалаҳои муҳими кори дохилисоҳавӣ, аз ҷумла риояи одоби муоширати хизматӣ ва пурзӯр кардани назорат дар ҳамаи самтҳо таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуданд.
Оид ба ҳолатҳои аз ҷониби мақомоти назоратӣ татбиқ гардидани чораҳои маъмурӣ нисбати баъзе кормандони Хадамот изҳори нигаронӣ карда шуд. Бо дастури роҳбарият таъкид гардид, ки минбаъд нисбати ҳар корманде, ки аз тарафи мақомоти назоратӣ вобаста ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешниҳод ворид мегардад, муҷозоти шадиди интизомӣ то озод намудан аз вазифаи ишғолнамуда татбиқ карда мешавад.
Хадамоти давлатии назорат
ва танзим дар соҳаи нақлиёт
