Рӯзи 30 июли соли 2026 дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бо иштироки роҳбарият, сардорон ва кормандони шуъбаю бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохторӣ ҷаласаи ҳайати идоравӣ ва муҳокимаи хизматӣ баргузор шуд.
Дар корӣ ҷаласа муовини сардори Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори адлия Акрамзода Ёсуман Абдуҳалим иштирок намуд.
Дар рафти маҷлис пешниҳодҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба бартараф кардани сабаб ва шароитҳое, ки ба содир шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии коррупсионӣ ва ба он алоқаманд мусоидат намудаанд» (аз 20.07.2026 №70, аз 21.07.2026 №1.1-11/3222, аз 21.07.2026 №1.1-11/3219 ва аз 22.07.2026 №1.1-11/3226) мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Дар ҷаласа ҳолатҳои ошкоргардидаи беэътиноӣ, кашолкорӣ, ба расмият надаровардани ҳуқуқвайронкуниҳо, пинҳонкунӣ ва хабар надодан дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ аз ҷониби баъзе кормандон ба таври танқидӣ муҳокима гардида, пешниҳодҳои Агентӣ барои раҳнамоӣ ва иҷрои софдилона гирифта шуданд.
Барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии коррупсионӣ, беэътиноӣ ва заиф намудани назорати хизматӣ нисбати шахсони масъул чораҳои дахлдори интизомиву хизматӣ андешида шуданд.
Барои пешгирии чунин ҳолатҳо ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, дар тамоми воҳидҳои сохтории Хадамот омӯзиши ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва санадҳои меъёрии мурофиавии маъмурӣ ташкил ва гузаронида мешавад.
Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт минбаъд низ ҳамкории мутақобилан зичро бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини қонуният, шаффофият ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳа дар сатҳи баланд идома медиҳад.













