Ҳамкорони азиз ва кормандони муҳтарами соҳаи нақлиёт!
Аз номи роҳбарият ва ҳайати шахсии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҳамаи шумо — ронандагон, муҳандисон, мутахассисон ва ҳамаи аҳли заҳмати ин соҳаи ҳаётан муҳимро бо иди касбӣ — Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёт аз таҳти дил самимона муборакбод мегӯям.
Соҳаи нақлиёт яке аз сутунҳои асосии рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ба шумор рафта, равандҳои пайвастаи тиҷоратӣ, ҳаракати озоди сокинон ва рушди зерсохторҳоро таъмин менамояд.
Бо шарофати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз кишвари мо ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ — баромад аз бумбасти коммуникатсионӣ ва табдил ёфтан ба кишвари транзитӣ ноил гардида истодааст.
Дар ин раванд, масъулияти мо ва шумо — назорати риояи қонунгузорӣ, танзими фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва тартибу интизом дар роҳҳо мебошад. Заҳмати содиқона ва шабонарузии шумо дар рушди соҳа ва амнияти мусофирону боркашонӣ саҳми арзанда дорад.
Ба ҳамаи шумо тансиҳатӣ, сарбаландӣ, хотирҷамъӣ ва дар фаъолияти масъулиятнокатон ба хотири рушди Тоҷикистони азизамон барору муваффақиятҳои нав ба нав орзумандам!
Идатон муборак, кормандони заҳматкаши соҳаи нақлиёт!
