Имрӯзҳо аз ҷониби кормандону нозирони Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Бохтар, корҳои нозиротию фаҳмондадиҳи анҷом дода шуда истодааст . Кормандону нозиронӣ Раёсати Хадамот дар минтақаи Бохтар хусусан дар ҳудуди маркази шаҳри Бохтар ва дигар ноҳияҳои тобеъи он ҷиҳати ба тартибу низомӣ муайян даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти боркаш ва мусофиркаш инчунин дигар воситаҳои нақлиёте , ки ба фаъолияти боркашони ва мусофиркашонӣ машғуланд назоратро пурзӯр намуданд. Нисбати ронандагоне, ки ба фаъолияти ғайриқонуни машғуланд ва ё шарту талаботи иҷозатномаро дағалона вайрон кардаанд, ҳамчунин дигар намуди қоидавайронкуниҳои гуногунро вобаста ба ҳаракат дар роҳ содир намуданд нисбаташон маводҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барасмият даровардашуда, ҷаримабандӣ гардиданд. Бояд қайд кард, ки тибқи супориши роҳбарияти Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, ҳамаи кормандону нозирони шуъбаҳои Раёсати Хадамот дар минтақаи Бохтар барои танзим намудани воситаҳои нақлиёти боркаш ва эмин нигоҳдоштани роҳҳои автомобилгард аз вайроншавӣ шабонарӯзи корбари намуда истодаанд.












