Санаи 7 уми августи соли ҷори аз ҷониби кормандону нозирони Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар Вилояти Суғд, дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои нозироти анҷом доданд. Кормандону нозиронӣ Раёсати Хадамот дар вилояти Суғд хусусан дар ҳудуди маркази вилоят шаҳри Хуҷанд ҷиҳати ба тартибу низоми муайян даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофирбари таксӣ ва дигар воситаҳои нақлиёти мусофирбари ҷамъияти назоратро пурзӯр намуданд. Нисбати ронандагоне, ки ғайриқонунӣ мусофирбари менамуданд ва ё шарту талаботи иҷозатномаро дағалона вайрон кардаанд ва ҳамчунин дигар намуди қоидавайронкуниҳои гуногунро вобаста ба ҳаракат дар роҳ содир намуданд, маводҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барасмият даровардашуда, ҷаримабандӣ гардиданд.









