Санаи 14 уми августи соли ҷори аз ҷониби кормандону нозирони Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Ҳисор, корҳои нозироти анҷом дода шуд. Кормандону нозиронӣ Раёсати Хадамот дар минтақаи Ҳисор хусусан дар ҳудуди маркази шаҳри Ҳисор ва ноҳияҳои тобеъи он ҷиҳати ба тартибу низомӣ муайян даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти боркаш ва гаронвазн инчунин дигар воситаҳои нақлиёте , ки ба фаъолияти боркашони машғуланд назоратро пурзӯр намуданд. Нисбати ронандагоне, ки ғайриқонуни боркашонӣ менамуданд ва ё шарту талаботи иҷозатномаро дағалона вайрон кардаанд ва ҳамчунин дигар намуди қоидавайронкуниҳои гуногунро вобаста ба ҳаракат дар роҳ содир намуданд, маводҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барасмият даровардашуда, ҷаримабандӣ гардиданд. Бояд қайд кард, ки тибқи супориши роҳбарияти Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, ҳамаи кормандону нозирони Раёсату шуъбаҳои Хадамот барои танзим намудани воситаҳои нақлиёти боркаш ва эмин нигоҳдоштани роҳҳои автомобилгард аз вайроншавӣ шабонарӯзи корбари намуда истодаанд.








