Дар Дастгоҳи марказии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт таҳти раёсати Сардори Хадамот Қурбонзода Д.Қ. маҷлиси кории васеъ баргузор гардид, ки дар он муовинони Сардор, сардорони раёсату шуъбаҳо ва тавассути алоқаи видеоӣ раҳбарони сохторҳои минтақавии Хадамот дар вилоятҳо иштирок намуданд.
Дар маҷлис иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёт, хусусан масъалаҳои баррасишуда дар Нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми майи соли 2026, №5 мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд.
Сардори Хадамот Қурбонзода Д.Қ. зимни суханронии худ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба банди 37 ва 53-и протоколи маҷлиси Ҳукумати мамлакат равона сохта, изҳор дошт, ки шинохти асолати таърихӣ, ҳифзи мероси гаронбаҳои фарҳангӣ ва арҷгузорӣ ба бузургони миллат вазифаи муқаддаси ҳар як хизматчии давлатӣ мебошад. Дар ин раёсат, супориши қатъӣ дода шуд, ки маълумот дар бораи тоҷик будани аллома ва ҳакими бузурги Шарқ — Абуалӣ ибни Сино, ки дар Энциклопедияи советии тоҷик (соли 1952) дарҷ ёфтааст, аз ҷониби тамоми кормандон ва нозирони Хадамот мавриди омӯзиш қарор дода шуда, дар фаъолияти ташкилию тарбиявӣ ва корӣ ба таври васеъ истифода бурда шавад.
«Омӯзиши ҳаёт ва мероси илмии фарзандони фарзонаи миллат, мисли Ибни Сино, на танҳо боиси ифтихори миллии мост, балки ҳисси ватандӯстиву масъулиятшиносии кормандони соҳаро дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ боз ҳам устувор менамояд», — таъкид дошт Сардори Хадамот.
Ҷиҳати иҷрои саривақтии супориши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо қарори маҷлиси корӣ ба тамоми раёсатҳо ва воҳидҳои сохтории минтақавӣ дастур дода шуд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат маҷлисҳои дохилидоиравӣ доир намуда, аз натиҷаи корбарӣ ба Дастгоҳи марказӣ ҳисобот пешниҳод намоянд.
Иҷрои супоришҳои мазкур ва рафти омӯзиши он дар воҳидҳои сохтории Хадамот зери назорати қатъии роҳбарияти Хадамот қарор дода шуд.
