Санаи 4 ноябри соли 2026 дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ доир карда шуд. Дар он роҳбарият, кормандони Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот иштирок доштанд.
Маҷлисро Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, муҳтарам Қурбонзода Д.Қ. кушода, ҳозирин ва меҳмононро ба ин санаи тақдирсоз табрику таҳният гуфтанд.
Дар маърӯзаи Сардори Хадамот қайд гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ заминаи устувори давлатдории миллӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва омили муҳими таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ маҳсуб мешавад. Ҳамчунин таъкид шуд, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам **Эмомалӣ Раҳмон** дар қабули ин санади сарнавиштсоз, барқарорсозии давлатдорӣ ва рушди устувори кишвар таърихӣ ва стратегӣ мебошад.
Дар ҷараёни маҷлис инчунин баромадкунандагон оид ба моҳияти ҳуқуқии Конститутсия ҳамчун «Қонуни қонунҳо», волоияти меъёрҳои он, принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, эътирофи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ (моддаи 5 Конститутсия), инчунин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва кормандони соҳа андешаронӣ намуданд.
Дар анҷоми маҷлис бо назардошти масъалаҳои баррасишуда қарори дахлдор қабул гардида, ба кормандони Хадамот ҷиҳати риояи қатъии меъёрҳои қонунгузорӣ, таҳкими қонуният, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти назоратӣ ва танзимкунанда, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
