Ҳамдиёрони азиз, кормандони муҳтарам!
Шумо ва дар шахсияти шумо тамоми аҳли хонадонатонро ба муносибати яке аз муқаддастарин ва бузургтарин ҷашнҳои милливу давлатиамон — Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҳти дил самимона табрик ва муборакбод мегӯям.
6-уми ноябри соли 1994 мардуми шарифи Тоҷикистон бо иродаи устувор ва дарки масъулияти баланди таърихӣ ҳуҷҷати тақдирсози кишвар — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуданд. Ин санади олии ҳуқуқӣ на танҳо пояи давлати соҳибистиқлолро устувор гузошт, балки самти рушди ҷомеаи муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро муайян намуда, заминаи боэътимоди пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллиро фароҳам сохт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти бузурги таърихии ин санади муқаддасро муайян намуда, таъкид доштаанд:«Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун санади бунёдии ҳуқуқии давлат роҳи рушди босуботи ҷомеаро муайян намуда, кафолати боэътимоди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Иҷрои дақиқ ва бечунучарои меъёрҳои Конститутсия вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст.»
Имрӯз, дар фазои созандаи сулҳу оромӣ ва ваҳдати комили миллӣ, мо вазифадорем, ки арзишҳои волои конститутсионӣ ва волоияти қонунро дар ҳаёти ҳаррӯза ва фаъолияти касбии худ ҳадафмандона татбиқ намоем. Барои мо — ҳайати кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт — ин рисолат маънои онро дорад, ки тавассути назорати қатъӣ, садоқатмандона ва иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ ба рушди муназзами маҷмааи нақлиётии мамлакат саҳми арзандаи худро гузорем.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи нақлиётро яке аз шоҳсутунҳои иқтисоди миллӣ ва самти афзалиятноку стратегии давлат арзёбӣ намуда, қайд кардаанд:«Баромадан аз сарбастагии коммуникатсионӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ яке аз афзалиятҳои асоситарини мо мебошад, ки ба он танҳо тавассути корхонаҳои нақлиётии муосир, инфрасохтори пешрафта ва риояи қатъии интизому қонуният расидан мумкин аст.»
Тавре маълум аст, Хадамоти мо назорати риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, ҳавоӣ ва хоҷагии роҳҳо амалӣ намуда, баҳри таъмини амният, эътимоднокӣ ва баланд бардоштани самаранокии раванди нақлиётӣ масъулияти муҳим дорад.
Дар солҳои охир бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати аввалиндараҷа ба беҳтар намудани сифати роҳҳо, таҷдиди инфрасохтори хизматрасонӣ ва пурзӯр гардонидани назорати вазну андозаи воситаҳои нақлиёти боркаш зоҳир мегардад. Ин иқдомҳо бевосита ба ҳифзи сармояи роҳсозӣ, коҳиши ҳодисаҳои нохуш ва таъмини бехатарии ҳаракат дар шоҳроҳҳои кишвар мусоидат мекунанд. Дастовардҳои бадастомада пеш аз ҳама самараи заҳмати содиқонаву дастаҷамъонаи шумо — нозирон, коршиносон ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Хадамот мебошанд.
Боварӣ дорам, ки шумо минбаъд низ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, маҳорати касбӣ ва эҳтиром ба меъёрҳои қонунгузорӣ фаъолият намуда, баҳри таҳкими қонуният, баланд бардоштани обрӯи мақомоти назоратӣ ва пешрафти устувори соҳаи нақлиёти кишвар саъю кӯшиши худро дареғ намедоред.
Ба ҳар яки шумо ва аҳли байтатон тандурустии бардавом, хушбахтӣ, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти пурмасъулияти хизматӣ ба нафъи Ватани азизамон комёбиҳои назаррас орзу менамоям. Бигзор дар сарзамини маҳбубамон сулҳу субот ҳамеша пойдор ва хонадони шумо ҳамеша пур аз файзу баракат бошад!
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!
