Имрӯз дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт таҳти раёсати Сардори Хадамот Қурбонзода Далер Қурбон ҷаласаи назоратӣ доир гардид. Дар кори ҷаласа роҳбарият, сардорони раёсатҳо, кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот иштирок намуданд.
Сардори Хадамот Қурбонзода Д.Қ. ҷаласаро оғоз намуда, ҷиҳати иҷрои босифату саривақтии ваколатҳои мансабӣ ва тақвияти фаъолияти соҳавӣ суханронӣ намуд. Мавсуф таъкид дошт, ки назорати риояи қонунгузорӣ ва танзими фаъолияти субъектони комплекси нақлиётӣ вазифаи меҳварии мост. Ҳифзи роҳҳои автомобилгард аз вайроншавии бармаҳал ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон бояд дар авлавияти фаъолияти ҳар як корманд қарор дошта бошад.
Дар ҷаласа раванди амалисозии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 ноябри соли 2011, №569 «Дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт» ба таври васеъ баррасӣ шуд. Қайд гардид, ки муҳлати маҳдудият аз 1 май то 31 августи соли ҷорӣ ҳангоми зиёда аз 25°C гарм будани ҳаво, аз соати 10:00 то 20:00 муқаррар шудааст.
Дар анҷоми ҷаласа Сардори Хадамот барои рафъи камбудиҳои мавҷуда ва ҷоннок намудани фаъолият ба масъулин супоришҳои мушаххас дод:
1. Тезонидани раванди ситонидани маблағҳои ҷаримаҳои маъмурии татбиқшудаи солҳои 2024-2026 ва таъмини воридоти онҳо ба буҷет;
2. Риояи қатъии Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ва фарҳанги муошират бо ронандагону мусофирон;
3. Пурзӯр намудани назорати давлатӣ болои фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофирбару боркаш ва риояи қоидаҳои боркашонӣ;
4. Таъмини назорати шабонарӯзӣ ҷиҳати иҷрои бечунучарои маҳдудиятҳои вазн ва сарборӣ дар давраи тобистон.
Қурбонзода Д.Қ. изҳори боварӣ намуд, ки кормандони Хадамот бо эҳсоси масъулияти баланди ватандӯстӣ уҳдадориҳои худро иҷро намуда, дар рушди инфрасохтори нақлиётии кишвар саҳми муносиб мегузоранд
























