Муҳтарам роҳбарон, кормандон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ!
Ҳамаи Шуморо ба ифтихори ҷашни касбӣ – Рӯзи милитсияи тоҷик самимона муборакбод мегӯям.
Ба ҳар яки Шумо саломатии мустаҳкам, матонату иродаи қавӣ ва дар фаъолияти пурмасъулияту пуршарафатон барору комёбиҳои назаррас орзу менамоям.
Фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ рамзи садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба қонун, ҳимояи сулху субот ва қонунияту тартибот мебошад. Милитсияи содиқ ба қонун ҳамеша сипари боэътимоди ҷомеа ва кафили зиндагии ороми мардум асту хоҳад монд.
Имрӯзҳо мо дар фазои орому осоиштаи кишвар адои вазифа менамоем, ки ин маҳз ба шарофати хизмати содиқона ва шабонарӯзии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои низомӣ мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ Шумо дар барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти рохҳову ҷомеа саҳми таърихӣ гузоштаед.
Соҳаи нақлиёт низ ҳамчун яке аз артерияҳои асосии иқтисодиёти мамлакат бо мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумла дар самти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, ҳифзи тартиботу амнияти мусофирон ва боркашонӣ ҳамкории наздик ва пайваста дорад.
Дар шароити муосир, ки таҳдиду хатарҳои нав ба мисли ҷинояткории фаромиллӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва тағйирёбии шаклҳои ҷинояткорӣ ба миён меоянд, аз ҳамаи мо баланд бардоштани сатҳи касбият, кори якҷоя ва истифодаи технологияҳои пешрафтаро талаб менамояд. Итминон дорам, ки сохторҳои ҳифзи хуқуқ бо донишу малака ва масъулияти баланд барои ҳифзи сулҳу суботи Тоҷикистони азиз ҳамеша омодаанд.
Бори дигар ҳамаи Шумо, афсарону сарбозон ва собиқадорони соҳаро бо ин рӯзи фархунда самимона табрик гуфта, ба шумову пайвандонатон ободӣ, фазой ором ва дар адои рисолати муқаддаси ватандӯстӣ комёбиҳо орзу мекунам.
Рӯзи милитсияи тоҷик муборак бошад!
