Санаи 07.07.2026 дар маҷлисгоҳи Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар ВМКБ (шаҳри Хоруғ) ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2026 ва муайян намудани вазифаҳои афзалиятнок барои давраи оянда баргузор гардид.
Дар ҷаласа аз Дастгоҳи марказӣ Мудинзода С. М. – сардори Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, Шомаҳмадзода Д. Ш. – сардори Шӯъбаи ҳуқуқ ва Абдулов Н. – сармутахассиси Шӯъбаи рақамӣ ва таҳлилию иттилоотӣ, инчунин роҳбарият ва ҳайати шахсии Раёсати Хадамоти мазкур дар вилоят иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа ҳисоботи роҳбарияти Раёсат дар бораи корҳои анҷомшуда, аз ҷумла тақвияти назорат дар соҳаи нақлиёт, бартарафсозии камбудиҳои ошкоршуда ва иҷрои нақшаҳои солона шунида шуд. Иштирокчиён паҳлӯҳои мухталифи фаъолият, аз ҷумла масъалаҳои риояи қонуният, интизоми меҳнатӣ, рақамикунонии равандҳои назоратӣ ва ҳамкории самаранок бо мақомоти дахлдорро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Намояндагони Дастгоҳи марказӣ ба фаъолияти Раёсат баҳои дода, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ, таъмини шаффофият дар корҳо ва иҷрои саривақтии супоришҳои роҳбарияти Хадамот дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ҷаласа бо қабули қарорҳои дахлдор ҷиҳати таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои нуҳмоҳаи соли равон ба поён расид.










