Баҳор дар диёри зебоманзари мо — Тоҷикистон — ҳамеша бо эҳёи табиат, таровати баҳорӣ ва шукуфоии гулҳои рангоранг оғоз меёбад. Гулҳо барои мардуми мо танҳо ҷузъи табиат нестанд, балки унсури муҳими таърих, фарҳанг, маънавиёт ва ҷаҳонбинии ниёгонамон ба шумор мераванд. Дар миёни гулҳои баҳорӣ гули Сиёвуш ва гули лола ҷойгоҳи вижаи таърихиву фарҳангӣ дошта, ҳамчун рамзи таҷдиди ҳаёт, зебоӣ ва ифтихори миллӣ эътироф гардидаанд.
Гули Сиёвуш: рамзи покӣ ва эҳёи ҷовидонӣ
Гули Сиёвуш на танҳо номи як гул, балки рамзи қадимии баҳор, Наврӯз, зиндашавии табиат ва ёдбуди қаҳрамони поку бегуноҳи таъриху устураҳои мо — Сиёвуш мебошад. Дар фарҳанги тоҷикон ва дигар мардумони эронинажод ин гул бо ривоятҳо, суннатҳои наврӯзӣ ва тасаввуроти қадимаи мардумӣ пайванди ногусастанӣ дорад.
Мутобиқи ривоятҳои халқӣ ва достонҳои «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, ин гули зебо аз хуни ноҳақ рехтаи шаҳзодаи ҷавону покдоман Сиёвуш дар замин рӯидааст. Аз ин рӯ, гули Сиёвуш паёми эҳёи табиат ва ғолибияти нур бар торикиро ба ҳамроҳ оварда, яке аз аввалин муждарасони фарорасии баҳор ва Наврӯзи оламафрӯз маҳсуб мешавад.
Пайванди гули Сиёвуш бо Наврӯз дар он зоҳир мегардад, ки ҳар ду рамзи навшавӣ, бедоршавии табиат пас аз сармои зимистон ва оғози зиндагии тоза мебошанд. Дар устураҳои куҳан табиат дар тирамоҳ гӯё ба хоб мерафт ё «мемурд» ва дар баҳор бо шукуфтани гулҳо дубора «зинда» мешуд. Дар манотиқи гуногуни кишвар ин гулро вобаста ба шева ва анъанаҳои маҳаллӣ бо номҳое чун гули Сиёвуш, сияҳгӯш, бойчечак, гули наврӯзӣ ва гули ҳасрат низ ёд мекунанд, ки аз нахустин нишонаҳои баҳоранд.
Гули лола: рамзи ҷавонӣ, латофат ва ишқи пок
Агар гули Сиёвуш муждарасони баҳор бошад, гули лола таҷассумгари авҷи зебоӣ ва таровати он аст. Дар адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик лола рамзи ҷавонӣ, зебоӣ, латофат, садоқат ва ишқи пок буда, ранги сурхи дилкаши он дар ашъори шоирон ба рухсори ёр ё дили пуршӯри ошиқ ташбеҳ ёфтааст.
Ба хотири гиромидошти ин гули нозук ва эҳёи суннатҳои аҷдодӣ, ҷашни қадимии баҳории «Сайри гули лола» дар Тоҷикистони соҳибистиқлол тоза шуда, имрӯз дар сатҳи ҷумҳурӣ бо шукӯҳи хоса таҷлил мегардад ва ба хуррамиву зебоии шаҳру деҳот ҳусни тоза мебахшад.
Лола дар баҳор бо ҷилваи латифу рангоранги худ доманакӯҳҳо, дашту теппаҳо ва марғзорҳоро ороиш дода, ҳамчун «Маликаи табиат» шинохта мешавад. Ин гули худрӯи табиӣ хеле зарифу нозук буда, ҳавои баҳоронаи муътадилро меписандад ва нисбат ба гармои сӯзон, сармои шадид ва бодҳои тунд осебпазир аст. Дар табиат лола бо дигар гиёҳу гулҳо дар ҳамоҳангӣ ва созгорӣ мерӯяд.
Боиси ифтихори миллати мост, ки кӯҳу даштҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, яке аз маконҳои аслии паҳншавии лолаҳои худрӯй ба шумор мераванд. Аз ин сарзамин лола ба Эрон, Туркия ва баъдан ба кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Нидерланд (Голландия) роҳ ёфта, дар таърихи гулпарварӣ ва фарҳанги ҷаҳонӣ мақоми хоса пайдо кард.
Ҳифзи арзишҳои миллӣ ва табиат — масъулияти умумӣ
Гулҳои Сиёвуш ва лола шиносномаи баҳории сарзамини мо буда, моро аз мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва муносибати эҳтиромонаи ниёгон ба табиат огоҳ месозанд. Ҳифзи гулҳои худрӯи кӯҳсору дашт, эҳёи ҷашнҳои миллию мардумӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи шаҳрвандии ҳар як сокини кишвар мебошад.
Дар баробари ин, муносибати масъулона ба табиат ва муҳити зист — аз ҷумла риояи қоидаҳои ҳаракат ва бехатарӣ дар роҳҳову масирҳои сайёҳӣ ва истироҳат дар айёми баҳор ва ҷашнҳои миллӣ — ба таҳкими амният, оромии ҷомеа ва ҳифзи зебоиҳои Тоҷикистони азиз мусоидат менамояд.


