ДУШАНБЕ, 16.06.2026. /Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт/. Имрӯз дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, бахшида ба таҷлили 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Нақши занон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ дар кишвар» вохӯрии илмӣ-маърифатӣ ва самимӣ доир гардид.
Дар чорабинии мазкур мудири Шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Каримзода Рухшона, сардори Шуъбаи ҳуқуқи Хадамот, муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Назорати нақлиёт” Шомаҳмадзода Даврон, сардори Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Хадамот Мудинзода Самиддин, намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино Раҳмонова М. ва Обидова Ш., ҳамзамон роҳбарият, корманд-занон ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот иштирок доштанд.
Нишастро бо сухани ифтитоҳӣ сардори Шуъбаи ҳуқуқи Хадамот Шомаҳмадзода Даврон оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни муқаддаси умумимиллӣ таҳният гуфт ва риштаи суханро ба маърузачиён дод.
Маърузачиён зимни баромадҳои худ қайд намуданд, ки мақоми зан-модар дар ҷомеаи нави мо баланд буда, занони тоҷик сутуни устувори хонавода, тарбиятгари насли ватандӯст ва ҳифзкунандаи суннатҳои неки миллӣ мебошанд. Таъкид гардид, ки маҳз бо шарофати сиёсати созанда ва занпарваронаи роҳбарияти олии кишвар, имрӯз занон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла дар соҳаи нақлиёти давлатӣ фаъолияти назаррас дошта, дар рушди давлатдорӣ ва таҳкими сулҳу суботи устувор нақши арзишманд мегузоранд.
Ҳамчунин, дар раванди вохӯрӣ эътироф ва таъкид шуд, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҷаҳоншумул буда, мактаби бузурги давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тамоми башарият намунаи беҳтарини ибрат ва дастури сулҳофарӣ мебошад. Саҳми занони фаъоли ҷомеа низ дар тарғиби ғояҳои ваҳдату ҳамбастагӣ ва устувор доштани пояҳои истиқлолият дар давраҳои соҳибистиқлолӣ хеле бузург арзёбӣ гардид.
Дар анҷоми нишаст, кормандони Хадамот ва дигар иштирокчиёни вохӯрӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён дошта, устувор нигоҳ доштани сулҳу амонӣ, амнияти миллӣ ва таҳкими Ваҳдати миллиро вазифаи ҷонӣ, виҷдонӣ ва рисолати муқаддаси ҳар як корманди соҳа ва шаҳрванди ватандӯсти кишвар арзёбӣ карданд.











