Санаи 13 июни соли ҷорӣ (2026), дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бо мақсади сазовор ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтан аз Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шанбегии умумикорхонавӣ баргузор гардид.
Дар ин ҳашари дастҷамъона роҳбарият ва тамоми кормандони дастгоҳи марказии Хадамот фаъолона ширкат варзида, дар корҳои ободониву хуррамгардонӣ ва тозакории муҳити атроф саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Дар доираи ин ташаббуси созанда, саҳн ва ҳудуди бинои маъмурии Хадамот тозаву озода гардонида шуда, дарахтону буттаҳои ороишӣ шакл дода шуданд ва алафҳои ҳарзаву хушкшуда даравида сомон дода шуданд. Ҳамзамон, роҳравҳо, майдончаҳо ва гирдогарди муҳити кории муассиса аз партовҳо поккорӣ шуда, ҷиҳати беҳдошти ҳолати экологии минтақа корҳои ободонӣ анҷом дода шуданд.
Иштироки фаъолонаи аҳли коргарони Хадамот дар шанбегии мазкур бори дигар аз ҳисси баланди ватандӯстӣ, масъулиятшиносии шаҳрвандӣ ва саҳмгузории назарраси онҳо дар тозагиву ободии муҳити зист ва шукуфоии Ватани маҳбубамон шаҳодат медиҳад.























