Ҳамватанони азиз, ҳамкасбон ва дӯстдорони футболи кишвар!
Ҳамаи Шумо ва хосатан ҷомеаи варзишии кишварро бо субҳи ин рӯзи таърихӣ – “Рӯзи ҷаҳонии футбол” самимона табрик ва таҳният мегӯям.
Имрӯз футбол на танҳо як бозии маъмули варзишӣ, балки қосиди ҳақиқии сулҳ, ваҳдат, ҳамгироии иҷтимоӣ ва дӯстии байни халқҳо маҳсуб меёбад. Боиси ифтихори бузурги мо — тоҷикистониён аст, ки бо ташаббуси оқилона ва ҷаҳонии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва бо ҷонибдории якдилонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 7 майи соли 2024 қатъномаи махсусро қабул намуда, 25-уми майро расман Рӯзи байналмилалии футбол эълон кард.
Интихоби ин сана аҳаммияти амиқи рамзӣ ва таърихӣ дорад, зеро он ба муносибати 100-солагии аввалин мусобиқаи байналмилалии футбол бо иштироки дастаҳо аз тамоми қитъаҳои ҷаҳон (Париж, соли 1924) эътироф гардидааст. Ин рӯйдоди бузург гувоҳи эътирофи байналмилалии дипломатияи варзишӣ ва ташаббусҳои созандаи Тоҷикистони маҳбуб дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Таҷлили ин рӯз рамзи заҳматҳои бесобиқаи роҳбарияти олии кишвар, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиши оммавӣ, ҳифзи ҷавонон аз зуҳуроти номатлуб ва бунёди инфрасохтори замонаву муосири варзишӣ дар саросари кишвар аст. Маҳз ин сиёсати пайгирона соҳаи варзиш ва футболи ватаниро рӯҳу тавони нав бахшида, дастаи мунтахаби Тоҷикистонро бори аввал ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё бурд.
Дар ин росто, соҳаи нақлиёти кишвар низ ҳамчун рагҳои ҳаётии иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳамеша дар хидмати рушди соҳаи варзиш қарор дошта, ҳаракати мунтазам ва бароҳати варзишгарону мухлисонро ба соҳаҳои мухталифи варзишӣ таъмин менамояд.
Кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт минбаъд низ ҷиҳати назорат ва танзими соҳа, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ ва соҳиб шудан ба стандартҳои муосири байналмилалӣ, ки барои дар сатҳи баланд баргузор намудани мусобиқаҳои ҷаҳонӣ дар кишварамон зарур аст, саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Бори дигар, ин рӯзи шарафманду таърихиро ба ҳамаи Шумо муборакбод намуда, ба хонадони ҳар як тоҷикистонӣ сиҳатмандии комил, хушбахтӣ, ваҳдату оромӣ ва дар рушду муаррифии футболи ватанӣ дар арсаи ҷаҳонӣ зафарҳои нав ба нав таманно дорам!
Рӯзи ҷаҳонии футбол муборак бошад!
