Ҳамкорони азиз ва собиқадорони соҳаи нақлиёт!
Ҳамватанони арҷманд!
Бо эҳтироми бепоён ва ифтихори саршор аз шукргузорӣ аз ин рӯзҳои орому осуда, ҳамаи Шуморо ба муносибати 81-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ самимона табрику таҳният мегӯям.
Рӯзи Ғалаба барои мо танҳо як санаи тақвимӣ нест, балки рамзи матонат, ватандӯстӣ ва иттиҳоди халқҳо дар мубориза зидди фашизм мебошад. Мо имрӯз дар назди рӯҳи поки қаҳрамононе, ки дар майдонҳои набард ҷони худро нисор кардаанд ва онҳое, ки дар ақибгоҳ бо меҳнати шабонарӯзӣ зафарро наздик оварданд, сари таъзим фуруд меорем.
Бояд махсус қайд кард, ки дар солҳои мудҳиши ҷанг соҳаи нақлиёт ҳамчун «артерияи асосӣ»-и пирӯзӣ хизмат мекард. Кормандони соҳаи нақлиёт — ронандагону роҳиоҳанчиён ва муҳандисон зери борони тиру тӯп, дар шароити вазнини иқлимӣ ва техникӣ, интиқоли бефосилаи аслиҳа ва лавозимоти ҷангиро ба хати ҷабҳа таъмин намуданд, дар кӯтоҳтарин муддат захмиёнро ба беморхонаҳо ва мардуми осоиштаро ба минтақаҳои бехавф кӯчониданд, бо фидокории бемисл дар таъмири роҳҳо ва пулҳои харобгашта саҳм гузоштанд.
Ин ҷасорати ниёгони мо барои мо, кормандони имрӯзаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, намунаи олии садоқат ба касб ва Ватан мебошад.
Имрӯз, таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи нақлиёти кишвар ба яке аз самтҳои стратегӣ мубаддал гаштааст. Вазифаи мо — кормандони соҳа аз он иборат аст, ки бо истифода аз таҷрибаи гаронбаҳои собиқадорон, назорат ва танзими босифати нақлиётро дар сатҳи байналмилалӣ таъмин намуда, дар рушди иқтисодиёти Ватани маҳбубамон саҳми арзанда гузорем.
Бори дигар, иди зафарро ба ҳар як хонадони Шумо муборакбод гуфта, бароятон саломатии бардавом, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти пурмасъулиятатон ҷиҳати рушди инфрасохтори нақлиётии кишвар муваффақиятҳои нав ба нав орзумандам.
Бигзор дар кишвари мо ҳамеша сулҳу субот ва ваҳдати ҷовидона танинандоз бошад!
Иди Ғалаба муборак!
