Имрӯз дар Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Назорати нақлиёт”-и Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҷиҳати санҷиши раванди ҳуҷҷатнигорӣ ва таҳлили корҳои таблиғотӣ-ташвиқотӣ тадбири назоратӣ доир гардид.
Мувофиқи банди 40-и Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе (сарпарасти ташкилот) аз фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дидан намуд.
Дар ҷараёни ин чорабинӣ масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
– мутобиқати дафтарҳои қайд ва қарорҳо ба талаботи Оинномаи ҲХДТ;
– сатҳу сифати корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ;
– назорати саривақт супоридани ҳаққи узвият ва бақайдгирии аъзои нав.
Тавре раиси Ташкилот Қурбонзода Д.Қ. қайд карданд: “Риояи қатъии талаботи Оиннома ва сифати ҳуҷҷатнигорӣ омили асосии таҳкими низоми ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ ба шумор меравад.”
Дар анҷом, аз ҷониби намояндаи Кумитаи иҷроия ба масъулини Ташкилоти ибтидоии “Назорати нақлиёт” ҷиҳати боз ҳам ҷоннок намудани фаъолияти ҳизбӣ, тарғиби ғояҳои созандаи ҲХДТ ва бартараф намудани камбудиҳои техникӣ дар ҳуҷҷатнигорӣ ёрии методӣ ва тавсияҳои мушаххас дода шуд.
Чунин вохӯриҳо ва тадбирҳои назоратӣ имкон медиҳанд, ки алоқаи ташкилотҳои ибтидоӣ бо мақомоти болоӣ мустаҳкам гардида, саҳми кормандони соҳа дар ҳаёти сиёсии кишвар афзоиш ёбад.








