ДУШАНБЕ, 21.04.2026. Имрӯз дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт таҳти раёсати Сардори Хадамот, муҳтарам Қурбонзода Далер Қурбон ҷаласаи назоратии навбатӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа роҳбарияти Хадамот, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва масъулини соҳавӣ иштирок намуданд.
Дар раванди ҷаласа масъалаҳои калидии фаъолияти Хадамот ва роҳҳои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифтанд.
Яке аз мавзуъҳои меҳварии ҷаласа пешгирии ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаши гаронвазн ва зиёда аз меъёр буд. Сардори Хадамот таъкид дошт, ки назорати қатъии вазни бор ва андозаи воситаҳои нақлиёт омили асосии ҳимояи роҳҳои автомобилгард аз вайроншавии бармаҳал ва нигоҳ доштани инфрасохтори роҳсозии кишвар мебошад.
Дар масъалаи танзими фаъолияти нақлиёти мусофирбар, аз ҷумла таксиҳои кироякаш, ба масъулин супориш дода шуд, ки ба сифати хизматрасонӣ диққати махсус дода шавад. Аз ҷумла:
– қабули саривақтии фармоиши мизоҷон ва риояи муҳлатҳои интиқоли онҳо;
– риояи қатъии қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани дохили нақлиёт;
– баланд бардоштани фарҳанги муомила ва муоширати кории ронандагон бо мусофирон.
Дар ҷаласа масъалаи пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва таҳкими муқовимати ҷиддӣ ба ин зуҳуроти номатлуб ба таври хос баррасӣ шуд. Таъкид гардид, ки ҳар як корманди Хадамот бояд дар фаъолияти худ принсипҳои шаффофият ва садоқат ба вазифаро риоя намуда, ба амалҳои коррупсионӣ роҳ надиҳад.
“Мақсади асосии мо на танҳо назорат, балки фароҳам овардани шароити бехатару мусоид барои мусофирон ва ҳифзи сарватҳои миллии кишвар, аз ҷумла роҳҳои автомобилгард мебошад,” —иброз дошт Қурбонзода Д. Қ.
Дар анҷоми ҷаласа, Сардори Хадамот ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва пурзӯр намудани фаъолияти назоратӣ ба масъулини сохторҳои дахлдор супоришҳои мушаххас дода, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.











