27 – умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак!
Имрӯз бо қаноатмандиву ифтихор изҳор медорам, ки ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ тамоми талошу пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи бунёди давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолият ба ҳамин матлабу мақсади олӣ, яъне таъмини ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон асос ёфта, дарки ягонагии сарнавишти таърихӣ ва ҳифзи асолати милливу фарҳангӣ дар маркази фаъолияти мо қарор дошт.
Яке аз дастовардҳои муҳими даврони Истиқлолият ба вуҷуд овардани руҳия ва муҳити озод дар ҷомеа мебошад. Ин мафҳум таъмини бузургтарин ҳуқуқҳои инсон — озодии сухан, озодии виҷдон, гуногунандешӣ, фаъолияти озодонаи ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори оммаро дар назар дорад. Чунки ташаккули ҷомеаи демократӣ бе ин падидаҳо ғайриимкон аст.
Ваҳдат ба инсоният танҳо ҳамфикрию ягонагӣ, дӯстиву бародарӣ ва меҳру шафқат меорад. Пас, ҳамин ваҳдат аст, ки моро барои расидан ба мақсаду вазифаҳои дар пеш гузоштаамон сабаб мегардад. Ваҳдати миллӣ инсониятро бо ҳам мепайвандад, то дар ҳалли мушкилиҳои ҳаёт якҷоя камари ҳиммат бандем.
Ваҳдат – сулҳ чӣ калимаҳои муқаддасанд. Хандаи тифлону шодии модарон, тараққиёту пешравӣ ва ободии мамлакат маҳз дар зери ҳамин калимаҳо ниҳон аст. Агар ба солҳои 90-уми асри гузашта назар андозем, мебинем, ки маҳз бо кӯшишу талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба пояи ваҳдати миллӣ дар мамлакат асос гузоштем. Кӯшишу ғайрат, ҷидду ҷаҳд, саъю талошҳои Пешвои ғамхору дурандеши мо бароямон сулҳу ваҳдату шодию фараҳ овард. Борҳо аз барномаю вохӯриҳояшон ин суханро шунидем, ки гуфта буданд: «То нафари охирини аз Ватан маҷбуран рафтаро ба Ватан бар нагардонам, ман худамро ҳамчун Президент ором ҳис намекунам».
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии марди хирадманд, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари амалӣ намудани ҳамаи тадбирҳо бобати ба эътидол овардани вазъи сиёсии ҷумҳурӣ ва хомӯш сохтани ҷанги шаҳрвандӣ ба барқарор кардани фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ шуруъ намуд.
Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии мамлакатамонро таъмин намоем, барои ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё созем.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 иброз гардид, ки «ҷавонони мо, ки насли замони истиқлол мебошанд, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон, сохтмонҳои бузурги аср, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва пешрафти илму фарҳанг саҳми бисёр назаррас мегузоранд».
Имрӯз мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандӯстӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, ки «мо ҳама якҷо бо фаъолияти аҳлона Ватани азизамонро, хусусан, то ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ ободу зебо месозем, давлати соҳибистиқлоламонро пешрафта мегардонем ва эътибору обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем.
Мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон — Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд».
Расидан ба қадри истиқлолият ва давлатдории мустақил, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ, бедории маънавӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлатдорӣ – ҳама дар маҷмуъ моро ба сўи бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва татбиқи нақшаву ҳадафҳои тақдирсози стратегӣ мебаранд.
Ҳамватанони азиз ва ҳамкасбони гиромӣ,
Шуморо ба муносибати 27 – умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо пеш аз ҳама саломатӣ, сулҳу оромӣ, иқболи баланд, файзу баракат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон ваҳдати ҷовидона орзу менамоям.
Бо эҳтиром,
Сардори Хадамоти давлатии назорат
ва танзим дар соҳаи нақлиёт
Қурбонзода Далер Қурбон