Author: admin

Паёми табрикотии Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бахшида ба 33 – солагии Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамватанони азиз ва ҳамкасбони гиромӣ! Ҳамаи шумоёнро ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – 33 солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳамагон саломатӣ, хотирҷамъӣ, ба Ватани маҳбубамон оромию осудагӣ ва пешрафту шукуфоӣ орзу менамоям. Боиси ифтихор аст, ки имсол 33 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар эълон гардаидани соли 2024 – “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва 30 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият фароҳам овард, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу…

Read More

Ҳамкасбони азиз! Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ, ки имруз рӯзи иди касбии мову шумо аст ва таҷлили он дар давраи Истиқлоли давлатӣ ба ҳукми анъана даромадааст, муборак бод мегуям. Таърихи таҷлили ин ҷашн аз он сарчашма мегирад, ки 25 июли соли 1939 қарори махсуси Комиссариати халқии РСС Тоҷикистон оид ба ташкили сохторҳои нақлиёти автомобилӣ ба тасвиб расида, тибқи муқарарароти он ҳамаи хоҷагиҳо, муассисаҳои автомобилӣ ва корхонаҳои таъмири автомобилӣ муттаҳид карда шуданд. Баъдан ин сохтор мунтазам ташаккул ёфта, ба таври расмӣ ҳамчун як қисми таркибии шабакаи нақлиётии собиқ иттиҳоди Шуравӣ шинохта шуд. Вобаста ба қарори болозикр 25 –уми июл иди касбии…

Read More

Бахшида ба “Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ” дар доираи “Соли 2024 – Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар маҷлис Қурбонзода Д.Қ. – Сардори Хадамот ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, ҳайати кормандонро бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ табрик намуда, таъкид намуд, ки имруз рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ аст, бинбар ин, бо ин иди касбии мову шумо, ки таҷлили он дар давраи Истиқлоли давлатӣ ба ҳукми анъана даромадааст, муборак бод мегуям. Таърихи таҷлили ин ҷашн аз он сарчашма мегирад, ки 25 июли соли 1939 қарори махсуси Комиссариати халқии РСС…

Read More

27 – умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак! Имрӯз бо қаноатмандиву ифтихор изҳор медорам, ки ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ тамоми талошу пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи бунёди давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолият ба ҳамин матлабу мақсади олӣ, яъне таъмини ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон асос ёфта, дарки ягонагии сарнавишти таърихӣ ва ҳифзи асолати милливу фарҳангӣ дар маркази фаъолияти мо қарор дошт. Яке аз дастовардҳои муҳими даврони Истиқлолият ба вуҷуд овардани руҳия ва муҳити озод дар ҷомеа мебошад. Ин мафҳум таъмини бузургтарин ҳуқуқҳои инсон — озодии сухан, озодии виҷдон, гуногунандешӣ, фаъолияти…

Read More

Дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт санаи 24 – уми июни соли 2024 ҷаласа бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот баргузор гардид. Маҷлисро Сардори Хадамот Қурбонзода Далер Қурбон оғоз намуда, кормандони Хадамотро бо рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки Ваҳдати миллӣ иттиҳоду сарҷамъӣ, ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмии як халқ ва ё миллат дар кору афкор баҳри ободонию рушди ватан ва ҳифзи истиқлоли кишвар аст. Санаи 27 – уми июни соли 1997, ҳануз 27 сол муқаддам дар таърих – бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳалаи ниҳоят…

Read More

Қурбонзода Далер Қурбон – Раиси комиссияи иҷозатномадиҳии Дастгоҳи марказии Хадамот маводҳои дастрасшударо оиди ҷой доштани камбудию норасогиҳо дар фаъолияти ҶДММ “ Ҷасур Т” мавриди баррасӣ қарор дода, қайд намуд, ки аз тарафи ҷамъияти мазкур талаботи қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти №374 аз 23.07.2009с. “Дар бораи таъмини фаъолияти бо низоми нақлиёти мусофиркашонии ба пойтахт воридшаванда” мунтазам риоя карда намешавад. Ширкату ҷамъиятҳои нақлиёти сабукрави “таксӣ”, ки дар ноҳияҳо фаъолият намуда истодаанд, бояд талаботҳои зикршударо риоя намоянд. Воситаҳои нақлиёти сабукрави “таксӣ” бояд дорои намои зоҳири (экипировка)-и фарқкунанда бошанд, ки дар мувофиқа бо Мақомоти ҳокимияти иҷроияи шаҳру ноҳияҳо ва аз тарафи МД “Нақлиёти автомобилӣ…

Read More

Бонувони азиз! Ҷашни зебою фархунда — Рӯзи Модарро ба Шумо табрику таҳният намуда, бароятон cаодату хушбахтӣ, иқболи нек ва рӯзгори ободу осударо таманно менамоям. Дар ин лаҳзаҳои бузургиву шаҳомат, лутфу назокат ва меҳрубониву самимият, ки моро гирди ҳам овардааст, зарур медонам, ки мавқею саҳми занонро дар ҷомеа қайд намоям. Нақши занро шоирони бузурги мо зиёд дарҷ намудаанд: Биҳишт, эй ҳамдилон, зери қудуми модарон бошад, Ҳама дарди ҷаҳон дар қалби модарҳо ниҳон бошад. Дуъои ҷони фарзандаш кунад дар ҳар ибодат ӯ, На дар фикри ғами дунё, на дар моли ҷаҳон бошад. Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари…

Read More

Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботи санадҳои меъёри-ҳуқуқии соҳавӣ ва қарори Мушовараи Вазорати нақлиёт аз 14 апрели соли 2023, №2- ро ба роҳбарӣ гирифта, мутобиқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола таҷдиду барқарорсозии роҳҳои автомобилгард ва дигар инфрасохторҳои нақлиётӣ ба роҳ монда шудааст, ки дурусту оқилона ва самаронок истифода бурдани иншоотҳо ва назорати фаъолияти онҳо аз ҳар як корманди Хадамот масъулияти муҳимро тақозо менамояд. Бо беҳтар гардидан ва ташаккул ёфтани инфрасохтори нақлиётии кишвар сатҳи хизматрасонӣ низ дар бозори нақлиётӣ сифатан тағйир ёфта, ба ӯҳдаи…

Read More

аз 05 октябри  соли 2023   ш. Душанбе Раисикунандаи маҷлис: Раҳимзода М.У. – муовини якуми сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, Дар маҷлис иштирок намуданд: Саидмуродзода Ш. — муовиниВазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ашурзода Ф.-муовини сардори Хадамот, Сардорон (мудирон)-и шуъбаҳо ва бахшҳои Дастгоҳи марказӣ, сардорони раёсатҳои минтақавӣ ва шуъбаву бахшҳои нозиротии онҳо, Саидзода С.- директори КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт», муовинонон ва сардорони филиалҳо КВД «МСКХСН». Гулинаи Ватаншо – рӯзноманигори ҳафтаномаи «Нақлиёт» Р ӮЗ Н О М А И М А Ҷ Л И С: Маҷлисро бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми сардори Хадамот Раҳимзода М. оғоз…

Read More

Санаи 9 январи соли 2024 ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт “Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024” таҳти раёсати вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим баргузор гардид. Дар ҷаласа Саидмуродзода Шоиста–муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонзода Далер Қурбон–сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, Қодирзода Сайфулло – Сардори Раёсати нақлиёти рӯизаминии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саломзода Раҳмиддин Салом – директори Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Доробова Хандонгул – сармуҳаррири ҳафтаномаи “Нақлиёт”-и Вазорати…

Read More