Қобили зикр аст, ки ҳар сол санаи 24-уми ноябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Фарорасии солгарди рӯзи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ифтихору шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ ба Шумо сидқан табрику таҳният мегӯям. Боиси ифтихор аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар раванди он сарнавишти давлатдориамон бунёдгузорӣ шуда, дар роҳи таъмин намудани сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ қадамҳои устувор гузошта шуданд, қабул гардид. Имсол мо Рӯзи Парчами давлатиро дар соли барои тамоми мардуми Тоҷикистон воқеан таърихӣ – 33…
Author: Transcontrol
Маҷлисро сардори Хадамот оғоз бахшида, вобаста ба хизматрасониҳои воситаҳои нақлиёти таксӣ дар пойтахт ва рӯз то рӯз зиёд гардидани шумораи онҳо, риоя нагардидани шумораи квотаҳои муқарраргардида аз ҷониби ширкату ҷамъиятҳои нақлиёти таксӣ дар шаҳри Душанбе ва қаноатманд набудани назорати фаъолияти онҳо аз ҷониби кормандони Раёсати ХДНТСН дар шаҳри Душанбе изҳори нигаронӣ намуд. Инчунин қайд карданд, ки дастуру супоришҳои роҳбарияти Хадамот оид ба танзимдарории фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофирбари таксӣ дар пойтахт дар сатҳи зарурӣ иҷро нагардида истодаанд. Зикр карда шуд, ки бо ворид гардидани электромобилҳо мебоист таксиҳои бо сузишвории бензин, газ ва дизелӣ фаъолияткунанда аз ҳайати ширкату ҷамъиятҳои нақлиётӣ бароварда, ба…
Дар партави Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба такмили ихтисос ва аз бозомӯзӣ гузаронидани кормандон эътибори авввалиндараҷа дода мешавад. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин аттестатсияи кормандони Хадамот комиссияи босалоҳият, ки аз ҳисоби намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои дахлдор таркиб ёфтааст, таъсис дода шуд. Хадамот бошад барои кормандони соҳа дар арафаи аттестатсияи давлатӣ Саволнома барои аттестатсияи давлатиро таҳия намуд, ки он фарогири саволу посухҳои мушаххас, ки барои аттестатсия муфиданд, мебошад. Корманди Хадамот пеш аз ҳама, бояд содиқу арҷгузор будани худро ба муқаддасоти…
15 ноябри соли 2024 дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “ПЕШВОИ РАҲНАМОИ МИЛЛАТИ МО” маҷлиси тантанавӣ бо иштироки роҳбарият, кормандони воҳидҳои сохтории Хадамот ва намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимзода Н., Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рауфзода Ю. ва Сардори Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳодизода К. баргузор гардид. Қурбонзода Далер Қурбон зимни баромади худ қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода,…
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби онҳо шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд. Агарчанде, ки ҳамаи ин чорабиниҳо барои шинохт ва асолати миллат ҷойгоҳи махсуси худро доранд, “Рӯзи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон” дар ин миён ба худ мақоми махсусро касб кардааст. Муайян гардидани рӯзи 16 ноябр ҳамчун “Рӯзи Президент” асосҳои ба худ хосро доро мебошад зеро аз ибтидои ҳамин рӯзи тақдирсоз ва муайянкунанда ояндаи рушди Тоҷикистон марҳилаи нави…
7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Бохтар-Левакант-Данғараро ба истифода доданд. Роҳ дар доираи ҳадафҳо барои ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани шароити хизматрасонӣ дар 3 марҳила бунёд шуда, дарозии умумии он 68,8 километрро ташкил медиҳад. Қитъаи Бохтар – Леваканти роҳ аз 6 хати ҳаракат ва боқимонда аз ду хат иборат мебошад. Дар маҷмуъ дар роҳ 5 пули мошингузар ва 2 роҳи давро-давр сохта шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки бунёди роҳ ба ташаккули долонҳои нақлиётӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад. Бунёди истгоҳҳои нақлиётӣ, насби…
Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба ифтихори 30 – юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям. Қабули Конститутсия ва ҷорӣ шудани идораи президентӣ тариқи раъйпурсии умумихалқӣ дар як рӯз сурат гирифт, ки он ба 6 ноябри соли 1994 рост меояд. Конститутсия яке аз заминаҳои асосии пойдории давлатдории мо ба шумор меравад. Он вобаста ба пешравии иқтисодӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ такмил дода мешавад ва дар робита ба ин Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон менамоянд: “Такмили Конститутсия ба мо имкон дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, мустаҳкам гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, рушди иқтисодию…