Author: Transcontrol
Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фармоишу қарорҳои Вазорати нақлиёт ва нақшаи корӣ ба роҳ монда, баҳри назорат ва танзими комплекси нақлиётӣ корҳои муайянеро ба сомон расонидааст.Мувофиқи таҳлилҳои Хадамот айни замон дар самти хизматрасониҳои комплекси нақлиётӣ 211–адад корхонаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум, 2093-адад нуқтаҳои хизматрасонии техникӣ, 41-адад терминали мусофирбарӣ, 6-адад терминали боркашонӣ, 67-адад қароргоҳҳои автомобилӣ, 259-адад корхонаҳои соҳаи роҳдорӣ ва 107-адад корхонаҳои роҳи оҳан ба қайд гирифта шудаанд, ки фаъолияти…
Бо мақсади таъмини назорати пардохти роҳкиро дар нақлиётҳои мусофирбари автобус ва тролейбусҳои шаҳри Душанбе мутахассисони Хадамот дар якҷоягӣ бо намояндагони ҶДММ «Авесто гурӯҳ» ҳамарӯза дар ҳайати 5 гуруҳи корӣ корҳои нозиротӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида, нисбати он мусофирон ва ронандагоне, ки тартиби муқарраргардидаи пардохти электронии роҳкироро риоя намекунанд, тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар ин самт дар давоми семоҳаи якуми соли 2025 нисбати 1946 нафар мусофир ҷаримаи маъмурӣ татбиқ карда шуда, маблағҳо ба буҷети давлатӣ ворид гардиданд. Ҳамчунин аз ширкати хизматрасонанда талабот карда шуд, ки ҷиҳати дастрас намудани кортҳои нақлиётӣ ба мусофирон корҳои таблиғотӣ гузаронида, дар баробари ин шумораи POS – терминалҳоро…
Ҳамватанони азиз ва ҳамкорони гиромӣ! Шуморо ба муносибати иди саиди Фитр самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо рӯзгори босаодат ва барои Ватани азизамон сулҳу суботи ҷовидона орзу менамоям.Дар моҳи мубораки Рамазон ва айёми иди саиди Фитр ҳар як фарди бедордил кӯшиш мекунад, ки амали хайре анҷом диҳад, дили ятимону маъюбонро шод гардонад, ба беморон ва оилаҳои камбизоату бесаробонмонда дасти кумак дароз намуда, соҳиби савоб гардад.Дар арафаи ид анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати неке мебошад, ки мардуми мо ба он эътибори ҷиддӣ медиҳанд.Бо умеди ҳамеша пойдору устувор будани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати…