Author: Transcontrol

Санаи 26 майи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҷаласа бо иштироки кормандони Вазорат ва намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тарғибу ташфиқ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавзӯи муқовимат ба коррупсия ва тарғиби ҳатмии оммавии зиддикорупсионӣ баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа ташвишовар будани ин падидаи номатлуб ва дастаҷамъона ҷиҳати пешгирии он мубориза бурдан, таъкид ба амал оварда шуд. Қайд карда шуд, ки коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад. Бинобар ин, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия…

Read More

«Мо умед дорем, ки ҷавонон дар раванди таҷдиди ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёди миллатсозӣ ва ватансозию ватандорӣ бо давлату Ҳукумат ҳамкории фаъол мекунанд. Зеро насли ҷавон бо дониши амиқ, ҷаҳонбинии фароху андешаи мустақил ва бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ бояд қарзи фарзандии хешро дар назди халқу Ватан эҳсос намуда, ҷомеаи моро ба пеш-ба сӯи ободию пирӯзиҳои нав барад». Эмомалӣ Раҳмон Ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеаи муосир, ворисони арзандаи давлату миллат, тақдирсози роҳи имрӯзу фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон мебошанд. Мусаллам аст, ки ҳар сол 23-юми моҳи май дар кишвари азизи мо яке…

Read More

Дар шароити муосир ҳар як давлат барои мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ, таъмини рушди устувор, таҳкими истиқлоли худ, ҳифзи субот ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ ба неруву қудрати муайяне такя менамояд. Аз ҷумлаи ҳамон неруву қудрат, ки дар олами муосир муҳимтарин василаи рушди давлатҳо гардидааст, насли ҷавон мебошад. Аз ин ҷост, ки қишри ҷавон дар ҳама давлатҳо дастгирӣ ёфтани ҷавонон, такя намудан ба сармояи ақлонии онҳо, ба корҳои ҷамъиятию сиёсӣ ҷалб намудани ҷавонон, диққати ҷиддӣ зоҳир намудан ба таълиму тарбияи насли ҷавон, фароҳам овардани шароит ва имконоти васеъ барои рушди ҷавонон, таваҷҷуҳ намудан ва баланд бардоштани маърифати ҷавонон, гувоҳии нақши муҳим доштани…

Read More

Дар иртибот ба эълон гардидани “2025-соли тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ дар шаҳри Душанбе” омӯзиш ва расонидани ёрии методӣ ба ташкилотҳои ҳизбӣ идома дорад. Дар ноҳияи Сино гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бо фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Назорати нақлиёт”-и Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт шинос шуда, вобаста ба риояи мунтазами талаботи Оинномаи ҲХДТ, саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб, татбиқи нақшаи корӣ, тақвияти фарҳанги сиёсию ҳуқуқии аъзои ҳизб, баргузории соатҳои сиёсӣ, огоҳ будан аз вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва дар ин замина ҳимояи манфиатҳои миллӣ ба роҳбарияти ташкилоти ҳизбӣ дастуру тавсияҳои муфид доданд. Татбиқи барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбӣ омили муҳими…

Read More

Таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шӯҳратманд аст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар радифи шаҳрвандони 15 кишвари иттифоқии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон 250 ҳазор сокинони ин мамлакати офтобӣ ихтиёрӣ ба фронт рафта, барои таъмини Ғалаба ба фишизми гитлерӣ ҷонбозиҳо намудаанд. Аз ин миқдор беш аз 90 ҳазор нафарашон ҷони худро аз даст дода, барои диловариҳои беназир 57 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуданд. Зиёда аз 20 ҳазор ҷанговарони тоҷик сазовори ордену медалҳо гардиданд. “Мо имрӯз ва минбаъд низ бо ифтихор хотирнишон мекунем,…

Read More

Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе ҷиҳати ба тартибу низоми муайян даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофирбари таксӣ дар шаҳри Душанбе назоратро дучанд пурзӯр намуда, нисбати ронандагоне, ки ғайриқонунӣ мусофирбари менамуданд ва ё шарту талаботи иҷозатномаро дағалона вайрон кардаанд ва ҳамчунин дигар намуди қоидавайронкуниҳои гуногунро вобаста ба ҳаракат дар роҳ содир намуданд, маводҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барасмият даровардашуда, ҷаримабандӣ гардиданд.

Read More

Дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тавсеа ва истифодаи технологияҳои нав, 28 апрели соли 2025 Вазорати нақлиёти кишвар бо ширкатҳои Финляндия «Finnish Overseaas Consultants Ltd» ва «SirWay oy» барои насб ва ҷорӣ намудани низоми идоракунии дороиҳои роҳ (НИДР) қарордод ба имзо расонид. Санадро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва директори «SirWay oy» Конста Микаил Сирвио (Konsta Mikael Sirvio) имзо карданд. Қарордод дар доираи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон шудани солҳои 2025-2030 ва марҳилаи чоруми татбиқи лоиҳаи «Беҳдошти роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (БРАМОМ-4)» баста шудааст. Тавре Вазири нақлиёти…

Read More

Санаи 29 апрели соли 2025 дар назди Сардори Хадамот бо иштироки воҳидҳои сохтории Хадамот маҷлиси назоратӣ баргузор гардид. Сардори Хадамот натиҷаи корҳои баанҷомрасонидаи  воҳидҳои сохториро дар ҳамаи самтҳои фаъолият ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, ҷиҳати бартарафсозии камбудию норасоиҳои ҷойдошта ба ҳар як воҳиди сохторӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. КВД “Маркази сетификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт муваззаф гардид, ки хонавагонҳои нуқтаҳои баркаширо аз нав бо дизайни якхела  ташкил намуда, бо компютер ва принтер, хати алоқаи баландсуръат, камераҳои назоратӣ  ва тарозуҳои муосири замонавӣ таъмин намояд. Ҳамчунин супориш дода шуд, ки бо экспертон оиди дуруст  ва бехато корбарӣ намудан бо тарозуҳои баркашӣ…

Read More

Рафти натиҷаи корҳои нозиротии гузаронидашудаи кормандони Раёсати назорат ва танзими ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт нишон доданд, ки санаи 25.04.2025 сол автомашинаҳои боркаши ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Туркия бархилофи тартиботи муқарраргардида дар ҳудуди шаҳри Душанбе боркашони мекарданд. Нисбати онҳо бо моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барасмият дароварда шуда, ҷаримабандӣ гардиданд. Назорат дар ин самт пурзӯр карда шудааст.

Read More

Санаи 17 апрели соли 2025 фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” дар семоҳаи якуми соли 2025 натиҷагирӣ карда шуд.Дастовардҳо ва камбудию норасоиҳои  фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” дар семоҳаи якуми соли 2025 ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ гардида, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани нишондиҳандаҳо ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасониҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд. Корхона вазифадор карда шуд, ки барои ба таври электронӣ назорат намудани гузариши воситаҳои нақлиёти гаронвазн таҷҳизотҳои муосири баркашии электронӣ (динамикӣ) дастрас ва дар нуқтаҳои баркашӣ васлу насб намоянд.  Ҳамчунин масъалагузорӣ карда шуд, ки оиди беҳтар намудани шароити корӣ…

Read More