Санаи 24 ноябри соли 2025 ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид. Чорабинӣ бо хондани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандон ва меҳмонон ва бо намоиш дар бораи Парчами давлатӣ оғоз ёфта, сипас паёми табрикии сардори Хадамот Қурбонзода Далер Қурбонро ёвари ӯ Мудинзода С.М. дар робита ба аҳамияти таърихии дирафши миллӣ, ки ифодакунандаи иқболу истиқлол, иттиҳоди вайроннашавандаи тамоми табақаҳои ҷомеа, дӯстиву баробарӣ ва пойдорӣ барои ободии Ватани азизамон мебошад, қироат намуд. Бо иқтибос аз гуфтаҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки фармудаанд: “Парчами миллии…
Author: Transcontrol
Ҳамватанон ва ҳамкасбони гиромӣ! Ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат ҳамчун рӯйдоди ниҳоят муҳим ва арзишманд маънидод мешавад. Ин ҷашнвораи муқаддас на танҳо рамзи соҳибдавлатӣ ва истиқлолияти миллатро таҷассум мекунад, балки ҳамчун омили муттаҳидкунандаи мардум дар роҳи пешрафт ва ободонии Ватан хидмат менамояд. Ба ин муносибати фархунда, Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлолро самимона табрик гуфта, таманноҳои беҳтарини хешро иброз медорам. Орзу дорам, ки Парчами давлатии мо – ин рамзи муқаддаси давлатдории миллӣ – дар фазои сулҳу амонӣ ва суботи пойдори Ватани азизамон…
Имрӯз, 24 ноябри соли 2025, дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе чорабинии бошукӯҳ ва роҳпаймоии осоишта ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ин рӯз, ки аз соли 2009 бо фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҷашни расмӣ таҷлил мешавад, рамзи пойдории давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳувияти миллати тоҷикро ифода мекунад. Парчами давлатӣ, ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ дар баробари Конститутсия, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ, шаҳодати вуҷуди миллат ва давлати ягона аст. Дар ин чорабинӣ зиёда аз 20 ҳазор нафар иштирок карданд, аз ҷумла намояндагони ҳокимияти иҷроияи давлатӣ дар пойтахт ва ноҳияҳои он, вазоратҳо ва…
Санаи 17 ноябри соли ҷорӣ дар доираи фаъолияти корӣ ва назоратӣ, ҷаласаи назоратии назди Сардори Хадамот баргузор гардид.Ин чорабинӣ бо мақсади баррасии масъалаҳои муҳимми корӣ ва таъмини иҷрои вазифаҳои муайяншуда сурат гирифт, ки дар он ҳайати роҳбарият ва кормандони калидӣ ширкат варзиданд.Таҳти раёсати Сардори Хадамот, муҳтарам Қурбонзода Далер Қурбон, бо иштироки муовинони худ, сардорони шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи марказии Хадамот, инчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории гуногуни ин ниҳод, ҳамоиши корӣ гузаронд.Дар ҷараёни ҷаласа, як қатор масъалаҳои ҳалталаб ва муҳимми соҳа мавриди баррасӣ ва муҳокимаи муфассал қарор гирифтанд. Ин масъалаҳо ба самтҳои асосии фаъолияти Хадамот, аз ҷумла назорат бар ҳаракати воситаҳзои нақлиёти…
Дар толори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт маҷлиси тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 33 – солагии Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши Президенти кишвар дар таҳкими комплекси нақлиётӣ” баргузор гардид. Дар семинар оид ба ҳифзи давлатдории миллӣ, хизматҳои шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи истиқлолу озодӣ, эҳёи давлатдории навин ва сарҷамии миллат, афзалияти шакли идораи Президентӣ ба таври муфассал шарҳу маънидод карда шуд. Иштирокчиён ҳамчунин ба нақши ҳалкунандаи Пешвои миллат дар рушди инфрасохтори нақлиётӣ, ки ҳамчун омили муҳими иқтисодӣ ва ҳамгироии минтақавӣ хидмат мекунад, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд. Семинари…
Ҳамдиёрон ва ҳамкасбони гиромӣ! Бо камоли эҳтиром, ифтихору садоқати самимӣ ва аз дили пур аз муҳаббат Шуморо ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин ҷашни муқаддас ва тақдирсоз табрик намуда, ба ҳар як хонадони тоҷикӣ меҳру муҳаббати беҳад, файзу баракати фаровон, сиҳатӣ ва саодати пойдорро таманно менамоям. Ба ватани маҳбубамон – Тоҷикистони азиз сулҳу осоиши абадӣ, рушди бемайлон ва шукуфоии ҳамешагӣ орзу дорам. Ин рӯз на танҳо ҷашн аст, балки лаҳзаи ёдрас кардани он ҳама фидокориҳо ва ҷонбозиҳоест, ки қалбҳои моро пур аз миннатдорӣ ва ифтихор мегардонад. Истиқболи ин падидаи тақдирсоз дар сарнавишти Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳеҷ гоҳ тасодуфӣ нест,…
Дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бо иштироки роҳбарияту кормандони Хадамот ва воҳидҳои сохтории он дар мавзуи «Татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», баррасии Пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.10.2025, №-1-4/427 “Оид ба рафъи камбудиҳои ошкоргардида ва сабабу шароитҳои барои ба миён омадани онҳо мусоидаткунанда” ва шарҳи мазмуни Протоколи ҷаласаи умумии кормандони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.11.2025 “Оид ба баррасии Пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамоиш баргузор шуд. Муовини якуми сардори Хадамот Раҳимзода М.У. изҳор…
Санаи 5 ноябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ба муносибати фарорасии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябр) ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони «Конститутсия – таҳкимбахши назорат ва танзими комплекси нақлиётӣ» баргузор гардид. Дар ҳамоиш роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот, инчунин меҳмонони даъватшуда фаъолона иштирок ва суханронӣ намуданд.Зимни суханрониҳо ва мубодилаи афкор, таъкид гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муҳимтарин санади давлатдорӣ ва арзишмандтарин дастоварди даврони Истиқлолият дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ пояи суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва пешрафти устувори Тоҷикистони навин гардид. Иштирокчиён ба таври махсус изҳор доштанд, ки…
Ҳамватанон ва ҳамкасбони азиз! Ба муносибати Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳар сол 6 ноябр таҷлил мегардад, ҳамаи Шуморо самимона табрик мегӯям. Ин рӯзи муҳим дар таърихи миллати мо ҳамчун рамзи истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва рушди давлатдории муосир маъруф аст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 қабул гардидааст ва бо ислоҳоту иловаҳо дар солҳои 1999, 2003 ва 2016 такмил ёфтааст, асоси ҳуқуқӣ барои бунёди ҷомеаи одилона, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, инчунин рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамон гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муҳимтарин санади давлатдорӣ ва арзишмандтарин дастоварди даврони Истиқлолияти давлатӣ дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ пояи…
Дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим санаи 3 ноябри соли ҷорӣ бо иштироки роҳбарияту кормандон дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот, махсусан роҳбарият ва кормандони Раёсати назорат ва танзими ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт”-и Хадамот ҷиҳати шарҳу тавсири тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” маҷлис баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои нав ба нақша гирифташуда, тартиби нави пешниҳоди дархостҳо, масъалаҳои санҷиш ва равандҳои иҷозатдиҳӣ муҳокима шуданд. Ин чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши кормандони…