Дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бо ташаббуси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Назорати нақлиёт” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-маҳсули хиради волои Пешвои миллат» ҳамоиш баргузор шуд. Ҳамоиш бо иштироки аъзои Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Назорати нақлиёт”, роҳбарону кормандони воҳидҳои сохтории Хадамот доир карда шуд. Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ ва бо сухани муқаддимавии Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Назорати нақлиёт” Қурбонзода Далер Қурбон оғоз ёфт. Дар кори ҳамоиш Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Назорати нақлиёт” иштирок ва доир ба Нақшаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкиму…
Author: Transcontrol
Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024, №192 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» ва Фармоиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми майи соли 2024, №86 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025” фармоиш (№40 аз 6.05.2024) ва нақшаи чорабиниҳои дохилии худро омода намуда, тибқи он раванди омодагии ширкату ҷамъиятҳои нақлиётӣ ва Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ба зимистонгузаронӣ…
Мутобиқи талаботи моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ” , банди 8-и Низомномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2011, №250 тасдиқ шудааст ва мактуби МД “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и ВМКБ аз 25 ноябри соли 2024, №8/19, бо мақсади татбиқи амалии чорабиниҳо ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Лаби Ҷар – Сангвор – Дарвоз” , Аз 9 декабри соли 2024 дар роҳи автомобилгарди РБ03 “Лаби Ҷар – Сангвор – Дарвоз” , қитъаи роҳи “Сағирдашт – Қалъаи Хумб” тавассути ағбаи Хобу Рубот, ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ…
5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки корҳои навсозӣ дар ин ҷо дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020 оғоз гардида, бо тарҳи муосир ва сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Бояд гуфт, ки пули мазкур то замони соҳибистиқлолӣ сохта шуда, бо мурури замон ду шафати он ба таъмиру навсозӣ ниёз пайдо карда буд. Барои таъмини…
Санаи 3 декабри соли 2024 дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт таҳти роҳбарии Сардори Хадамот муҳтарам Қурбозода Д.Қ. ҷаласаи назоратӣ бо иштироки кормандон ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва дастгоҳи марказии Хадамот баргузор гардид.Дар ҷаласа Сардори Хадамот ба масъулин ҷиҳати пурра бартараф намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаши борашон аз меъёри муқарраршуда зиёд, баровардани шумораи аз квота зиёди таксиҳои корхонаву ҷамъиятҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ, воридоти воситаҳои нақлиёти мусофирбар аз шаҳру ноҳияҳои ҳудуди шаҳри Душанбе ва пурзур намудани назорат ва танзими фаъолияти онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.Вобаста ба бе намояндагони Хадамот мустақилона дар роҳҳои автомобилгард фаъолият кардани…
Ташкилоти ибтидоии “Назорати нақлиёт” -и Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бахшида ба 30-солагии Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ ғолиби номинатсияи “Беҳтарин ташкилоти ибтидоӣ” дар ноҳияи Сино гардида, бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.
26-28 ноябр дар шаҳри Душанбе семинар оид ба баланд бардоштани зарфиятҳо дар истифодаи фановариҳои ҳушманд дар нақлиёт ва мулоқоти аъзои Гуруҳи коршиносон оид ба ҳамкории минтақавӣ барои шабакаҳои нақлиёти устувори ҳушманд доир гардиданд. Ин ҳамоишҳо бо ташаббуси Комиссияи иқтисодию иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (КИИСММ, ЭСКАТО ООН; UNESCAP) дар ҳамкорӣ бо Вазорати нақлиёти Чумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуданд. Ширкаткунандагони ин ҳамоишҳоро муовини аввали Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Бобозода ва корманди шуъбаи нақлиёти КИИСММ Чангҷу Ли шодбош гуфтанд. Дар семинар намояндагони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, Арманистон, Озарбойҷон, КИИСММ, ҳамчунин Мақомоти иҷроияи ҳокомияти давлатии шаҳри Душанбе, КВД…
Ҷиҳати иҷрои супоришҳои протоколии Сардори Хадамот муҳтарам Қурбонзода Д.Қ. аз ҳайати корхонаву ҷамъиятҳои нақлиётӣ таксиҳои бо сузишвории бензин, газ ва дизелӣ фаъолияткунанда бароварда шуда, ба ҷои онҳо электромобилҳо дар шаҳри Душанбе фаъолият бояд намоянд. Бо мақсади иҷрои супоришҳои мазкур роҳбарият ва кормандони Раёсати Хадамот дар шаҳри Душанбе корҳои назаррасро анҷом дода истодаанд. Ҳамчунон, зикр кардан ба маврид аст, ки дар ин самт Раёсати шаҳри Душанбе қатъӣ вазифадор гардида буд, ки дар доираи квотаҳои аз ҷониби Мақомоти ҳокимияти иҷроияи шаҳри Душанбе муайяншуда, тибқи руйхати корхонаву ҷамъиятҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ ба нақлиётҳо варақаи назоратӣ дода, шумораи аз квота зиёди таксиҳоро бароранд.…
Баланд бардоштани сатҳи забондонии хизматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистон, ҳамчун яке аз ҳадафҳои меҳварии Ҳукумати кишвар, аҳамияти махсус дорад. Ин раванд на танҳо барои беҳтар намудани муоширати байни кормандони давлатӣ, балки барои таъмини рушди устувори кишвар ва беҳтар намудани хизматрасониҳо ба шаҳрвандони хориҷи низ муҳим аст. Раванди дарсҳои забономӯзии кормандон, махсусан дар муҳити корӣ, хеле муҳим аст. Ин раванд метавонад дар шаклҳои гуногун сурат гирад, ки ба он омӯзиши забонҳои хориҷӣ, такмили дониши забонҳои мавҷуд, ва рушди малакаҳои коммуникативӣ дохил мешавад. Барномаҳои омӯзишӣ бояд бо талаботҳои замони муосир ва ниёзҳои хизматчиёни давлатӣ мутобиқ шаванд. Омузиши забонҳо барои хизматчиёни давлатӣ имконият медиҳад,…
Дар толори маҷлисии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт санаи 22.11.2024 ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ” чорабинии идона доир гашт, ки дар он сардори Хадамот Қурбонзода Далер Қурбон, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Хадамот иштирок ва суханронӣ намуданд. Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Сипас, сардори Хадамот Қурбонзода Далер Қурбон бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфт. Қайд гардид, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро…