Author: Transcontrol

Санаи 20 январи соли 2025 фаъолияти КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” дар соли 2024 бо иштироки кормандони воҳидҳои сохтори Хадамот натиҷагирӣ карда шуд. Дастовардҳои фаъолияти корхона дар соли 2024 бо нишондодҳои мусбӣ арзёбӣ гардида, ҷиҳати боз ҳам самаранок ба роҳ мондани фаъолият, бартараф намудани камбудию норасоиҳо барои семоҳаи якуми соли 2025 вазифаҳои навбатӣ гузошта шуд.

Read More

17 январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доранд. Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар соли 2024 муфассал баррасӣ гардида,…

Read More

Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Бохтар бо мақсади беҳтар намудани низоми ҳаракати нақлиёт ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии мусофиркашонӣ, дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор, рейдҳои муштаракро дар ҳудуди шаҳри Бохтар баргузор намуд. Ин чорабиниҳо бо ҳадафи асосии таъмини амнияти ҳаракат дар роҳҳо ва риояи қоидаҳои муқарраргардида аз ҷониби ширкатҳо ва ҷамъиятҳои нақлиётӣ роҳандозӣ гардиданд. Дар ҷараёни рейдҳо, наздик ба 30 ҳолати қонунвайронкунӣ сабт шуда, нисбати ронандагоне, ки талаботи қонунгузориро вайрон намуда буданд, протоколҳо тартиб дода шуданд. Мушкилоти ошкоршуда дар рейдҳоДар ҷараёни рейдҳо як қатор камбудиҳо, аз ҷумла: Набудани ҳуҷҷатҳои лозимаи ронандагӣ; Истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ…

Read More

Санаи 13 январи соли 2025 фаъолияти Раёсати назорат ва танзими ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт барои соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд. Натиҷаҳои фаъолияти Раёсат дар соли 2024 бо нишондодҳои мусбӣ ҷамъбаст гардида, барои нимсолаи аввали соли 2025 вазифагузорӣ карда шуд.

Read More

Санаи 13 январи соли 2025 фаъолияти Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар Вилояти Суғд барои соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд. Натиҷаҳои фаъолияти Раёсат дар соли 2024 бо нишондодҳои мусбӣ ҷамъбаст гардида, барои нимсолаи аввали соли 2025 вазифагузорӣ карда шуд.

Read More

       Санаи 9 январи соли 2025 дар доираи Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  «Солҳои 2025-2030-ро солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардид, байни Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, дар шахсияти Сардори Хадамот Қурбонзода Далер Қурбон ва Ҷамъияти саҳоми пўшидаи «Пардохти ҳушманд» дар шахсияти Директори генералӣ Азизхуҷаев Ғуломҷон Марифхужаевич Шартнома оид ба хизматрасонии таъминоти барномавӣ ба имзо расонида шуд.       Боиси қайд аст, иқдоми мазкур бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023,…

Read More

Санаи 8-уми январи соли 2025 дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт тибқи Ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҷамъбастии тасдиқнамудаи Вазорати нақлиёт таҳти раёсти Сардори Хадамот Қурбонзода Д.Қ. маҷлис оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар соли 2024 ва вазифаҳо барои семоҳаи якуми соли 2025 баргузор шуд. Дар маҷлис Саидмуродзода Шоиста – муовини Вазири нақлиёт – сарпарасти соҳа, Қодирзода Сайфулло – сардори Раёсати нақлиёти руйизаминии Вазорат, Саломзода Раҳмиддин – директори Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”-и Вазорат, Доробова Хандонгул – сармуҳаррири ҳафтаномаи “Нақлиёт”, Раҳимзода Мирзошариф – муовини якуми сардори Хадамот, сардорони…

Read More

Санаи 7 январи соли 2025 фаъолияти Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Бохтар барои соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд. Натиҷаҳои фаъолияти Раёсат дар соли 2024 бо нишондодҳои мусбӣ ҷамъбаст гардида, барои нимсолаи аввали соли 2025 вазифагузорӣ карда шуд.

Read More

Санаи 6 январи соли 2025 фаъолияти Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Кулоб барои соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд. Натиҷаҳои фаъолияти Раёсат дар соли 2024 бо нишондодҳои мусбӣ ҷамъбаст гардида, барои нимсолаи аввали соли 2025 вазифагузорӣ карда шуд.

Read More

Санаи 4 январи соли 2025 фаъолияти Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе барои соли 2024 натиҷагирӣ карда шуд. Натиҷаҳои фаъолияти Раёсат дар соли 2024 бо нишондодҳои мусбӣ ҷамъбаст гардида, барои нимсолаи аввали соли 2025 вазифагузорӣ карда шуд.

Read More