6-уми марти соли ҷорӣ тибқи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия вохӯрии судманди кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддинзода Н.Ш. – сарнозир ва Сайфиддинзода Н.С. – нозири Раёсати муқовимат бо коррупсия бо ҳайати роҳбарон ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур Мудинзода С.М. Сардори Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Хадамот зимни суханронии хеш изҳор дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ҳанӯз дар соли 2016…
Author: Transcontrol
Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар вилояти Суғд ҷиҳати ба тартибу низоми муайян даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофирбари истифодаи умум дар шаҳри Хуҷанд назоратро дучанд пурзӯр намуда, нисбати ронандагоне, ки ғайриқонунӣ ба мусофирбари машғул буданд, шарту талаботи иҷозатномаро риоя накарданд ва ҳамчунин дигар намуди қоидавайронкуниҳоро содир намуданд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода ҷаримабандӣ карда шуданд. Илова бар ин кормандони Раёсат бо роҳбарон ва ронандагони ширкату ҷамъиятҳои нақлиёти автомобилии ҳудуди шаҳри Хуҷанд вохуриҳо доир намуда, барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, муомилаи хуб бо мусофирон ва таъмини амнияти бехатарӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Санаи 24-уми феврали соли 2025 бо иштироки васеи кормандони воҳидҳои сохтории Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар назди Муовини якуми сардори Хадамот ҷаласаи корӣ баргузор гардида, дар он фаъолияти кормандон дар моҳи феврал натиҷагирӣ ва оиди вусъат додани корҳо дар самти рақамикунонӣ ва дигар самтҳои фаъолияти Хадамот дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд. Ҳамчунин оиди фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ аз ҷумла таъмини барқи доимӣ ва интернети баландсуръат дар нуқтаҳои баркашӣ ва тариқи онлайн пайваст намудани таҷҳизотҳои баркашӣ ва камераҳои назоратӣ ба роҳбарияти Хадамот вазифаҳои навбатӣ гузошта шуда, ҷиҳати омӯзонидани экспертон дар самти корбарӣ бо таҷҳизотҳои баркашӣ чораандешӣ карда…
Ҳангоми гузаронидани корҳои нозиротӣ ва рейдҳо кормандони Раёсати минтақаи Рашт санаи 21.02.2025 ҳолатҳоеро ошкор намуданд, ки воситаҳои нақлиёти боркаш аз карьерҳои коркарди қуму шағал борҳоро аз меъёри муқарраргардида зиёд бор карда ва бе пардаи ҳимоявӣ тавассути роҳҳои автомобилгард интиқол медоданд. Нисбати ронандагон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба расмият дароварда шуда бори зиёдати фароварда шуд.
Ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст, моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, баромадан аз бунбасти коммуникатсиониро таъмин намоем. Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ дар қатори ҳадафҳои стратегие мебошад, ки ҳамчун вазифаи умумимиллӣ ва омили муҳими пешрафти кишвар шуморида шудааст. Ин ҳадаф сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард, оҳан, пулҳо, нақбҳо, фурӯдгоҳҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётиро мутобиқ бо стандартҳои байналмилалӣ дар бар мегирад, ки амалишавии он тадриҷан бояд ҷумҳуриро аз бунбасти коммуникатсионӣ берун оварда, онро ба минтақаи транзитӣ табдил диҳад. Санаи…
Ҳангоми гузаронидани корҳои нозиротӣ ва рейдҳо кормандони Раёсати минтақаи Бохтар санаи 14.02.2025 ҳолатҳоеро ошкор намуданд, ки воситаҳои нақлиёти боркаш аз карьерҳои коркарди қуму шағал борҳоро аз меъёри муқарраргардида зиёд бор карда ва бе пардаи ҳимоявӣ тавассути роҳҳои автомобилгард интиқол медоданд. Нисбати ронандагон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба расмият дароварда шуда бори зиёдати фароварда шуд.
Санаи 11 феврали соли равон омӯзиши идоравии кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт таҳти унвони «Паём – роҳнамои рушди кишвар» баргузор гардид. Дар омўзиши идоравии мазкур Раҳимзода М. – муовини якуми сардори Хадамот суханронӣ намуданд. Зимни маъруза қайд гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки ҳамасола дар бораи самтҳои асоси сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими таҳлилӣ – сиёсӣ, роҳнамоикунанда ва дурнамои фаъолияти мақомоти давлатӣ ва кулли мардуми Тоҷикистон арзёбӣ гардида, ҷиҳати тақвияти фаъолият, таъмини пешрафт, рафъи камбудиҳои мавҷуда ва расидан ба ҳадафҳои пешгузошта, шароити зиндагии арзанда ва…
Ҳангоми гузаронидани корҳои нозиротӣ ва рейдҳо кормандони бахши Ҳамадонӣ-Фархор санаи 04.02.2025 ҳолатҳоеро ошкор намуданд, ки воситаҳои нақлиёти боркаш аз карьерҳои коркарди қуму шағал борҳоро аз меъёри муқарраргардида зиёд бор карда ва бе пардаи ҳимоявӣ тавассути роҳҳои автомобилгард интиқол медоданд. Нисбати 25 нафар ронандагон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба расмият дароварда шуда ва ҳамчунин 8 тонна бори зиёдати фароварда шуд.
11 январи соли 2025 Созишнома байни Ҳукумати Федератсияи Русия ва Ҳукумати Ҷумхурии Беларус дар бораи эътирофи мутақобилаи раводид ва дигар масъалахои марбут ба вуруди шаҳрвандонн хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки 19 июни соли 2020 ба имзо расида буд, эьтибори қонунӣ пайдо кард. Бар асоси изҳороти расмии вазоратхои корҳои хориҷии Русия ва Беларус, Созишномаи мазкур тартиби гузаштан аз сарҳади муштараки Русия ва Беларусро, ки каблан танҳо барои шахрвандоии ин ду кишвар боз буд, барои шахрвандони кишвархои хориҷӣ низ танзим мекунад. Матни пурраи Созишнома дар ин суроғаи электронӣ дастрас аст: https://www.mfa.gov.bylkcfinder/uploadlfilesIPress Service/agreement Russia.pdf . Тибқи Созишнома, тарафҳо раводидҳоеро, ки ҳуқуқи вуруд ва…
Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бо дарки масъулият ҷиҳати пурра ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаши гаронвазн дар роҳҳои автомобилгард назоратро дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дучанд пурзӯр намуда, нисбати шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони воқеие, ки Тартиб ва меъёрҳои муқарраргардидаи қонунгузориро дар ин самт риоя накарданд, бетаъхир чораандешӣ шуданд. Санҷишҳои навбатии гузаронидашудаи кормандони Хадамот дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Ҳисор нишон доданд, ки бархе аз ронандагони воситаҳои нақлиёти боркаш аз меъёри муқарраргардида зиёд бор гирифта, бо ин амали худ ба роҳҳои автомобилгард зарар расониданд. Дар баробари тартиб додани протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва фаровардани…