Санаи 6 июли соли 2026 дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Раёсати Хадамот дар шаҳри Душанбе дар шашмоҳаи аввали соли 2026 ва муайян намудани вазифаҳо барои давраи оянда баргузор гардид.Дар ҷаласа натиҷаҳои кори Раёсати Хадамот дар шаҳри Душанбе дар шашмоҳаи аввали соли 2026 мавриди баррасӣ қарор дода шуда, самтҳои афзалиятноки фаъолият, дастовардҳо ва камбудиҳои мавҷуда таҳлил гардиданд. Ҳамзамон, вазифаҳои мушаххас барои баланд бардоштани самаранокии назорат дар соҳаи нақлиёти шаҳрӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва таъмини иҷрои саривақтии барномаҳои пешбинишуда барои давраи оянда муайян карда шуданд.Дар анҷоми ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба масъулин супориш дода шуд, ки вазифаҳои ба зимма гузошташударо дар муҳлати муқарраршуда иҷро намоянд.














