Рӯзи 7 июли соли 2026 дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҷаласаи ҳисоботӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаи нақлиёт дар шашмоҳаи аввали соли 2026 ва муайян намудани вазифаҳо барои давраи оянда баргузор гардид.Дар ҷаласа натиҷаҳои асосии фаъолият, дастовардҳо ва камбудиҳои мавҷуда мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҳамаи нишондиҳандаҳои пешбинишуда аз ҷониби масъулин иҷро гардида, натиҷаҳои фаъолият мусбӣ арзёбӣ шуданд.Дар рафти ҷаласа вазифаҳои афзалиятнок барои рушди минбаъдаи соҳа, беҳтар намудани самаранокии назорат ва танзим, инчунин татбиқи технологияҳои навин дар соҳаи нақлиёт муайян карда шуданд.Қарорҳои қабулшуда ба рушди устувори соҳа, таъмини амнияти нақлиёт ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо ба аҳолӣ равона гардидаанд.










