Қурбонзода Д.Қ. –
Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт
Дар таърихи тамаддуни башарӣ ситораҳои дурахшоне мавҷуданд, ки бо нури заковати худ роҳи инсониятро асрҳо боз рӯшан месозанд. Яке аз чунин нобиғаҳои беназир, мутафаккири абадзинда, файласуф, табиб ва олими забардасти тоҷику форс — Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино (Авитсенна) мебошад. Нақши барҷастае, ки ин фарзанди фарзона дар таърихи фарҳанги миллати мо ва башарият гузоштааст, номи ӯро ҷовидонӣ гардонидааст.
Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби арзишманди худ «Чеҳраҳои мондагор» қайд намудаанд: «Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино яке аз бузургтарин файласуфон, олимон, табибон ва адибони тоҷику форс буда, дар рушду камоли тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми барҷаста дорад… Ба шарофати осори абадзиндаи хеш Ибни Сино имрӯз низ ҳамзамон ва ҳамқадами ҷомеаи башарӣ мебошад».
Абӯалӣ ибни Сино (18 августи соли 980 – 22 июни соли 1037) дар замони ҳукмронии давлати Сомониён — нахустин давлати мутамаркази тоҷикон зиндагӣ ва эҷод кардааст. Ӯ дар деҳаи Афшанаи наздикии Бухоро ба дунё омадааст. Падараш Абдуллоҳ аз аҳолии порсзабони Балх ва модараш Ситора аз аҳли деҳаи Афшана буданд, ки ин шаҳодати қатъии асолати этникии тоҷикии ӯст.
Эпохаи Сомониён даврае буд, ки халқи тоҷик ҳамчун як гурӯҳи этнокультурӣ ташаккул меёфт ва забони форсии дарӣ забони асосии илму адабиёт ба шумор мерафт. Ибни Сино асарҳои худро ҳам ба забони арабӣ (забони илмии он давр) ва ҳам ба забони модарии худ — форсии дарӣ таълиф намуда, дар рушди ҳарду забон саҳми беназир гузоштааст.
Ибни Сино нобиғаи фитрӣ буд. Ӯ дар синни 10-солагӣ Қуръон ва илмҳои адабро аз бар карда, дар 17-солагӣ ҳамчун олими баркамол ва табиби ҳозиқ шуҳрат ёфт. Пас аз наҷот додани Амири Сомонӣ, Нӯҳ ибни Мансур, аз бемории вазнин, ӯ иҷозати истифода аз китобхонаи машҳури Сомониёнро пайдо кард ва дониши худро мукаммал намуд.
Бо вуҷуди он ки поёни умри олим пас аз суқути Сомониён дар мусофират ва зери таъқиби амирон гузашт, ӯ зиёда аз 250 (мувофиқи баъзе манбаъҳо беш аз 400) асар ба мерос гузошт. Асарҳои калидии ӯ, мисли «Китоб-уш-шифо», «Китоб-ун-наҷот», «Донишнома» ва «Ишорот ва танбеҳот» низоми мукаммали ҷаҳоншиносии он замонро дар бар мегиранд.
Бузургтарин ва машҳуртарин асари тиббии Ибни Сино «Ал-Қонун фи-т-тиб» (Қонуни илми тиб) мебошад. Ин китоб, ки аз 5 ҷилд иборат аст, нафақат таҷрибаи худи ҳаким, балки ҷамъбасти дастовардҳои тибби Юнону Рим, Ҳиндустону Хитой ва Эрону Осиёи Марказист.
Ибни Сино дар ин асар нахустин бор дар таърихи тиб мавҷудияти микробҳо ва ҳашароти касалиовари ба чашм нонамоёнро пешгӯӣ карда, ташхиси бемории қанд (диабет) ва усули ангуштзанӣ (перкуссия)-ро ҷорӣ намуд. Вай инчунин ба масъалаҳои беҳдошти муҳит ва истифодаи оби ҷӯшонидашуда барои пешгирии вабову тоун аҳамияти аввалиндараҷа додааст.
Ин китоб дар асри XII ба забони лотинӣ тарҷума шуда, дар давоми беш аз 500 сол дар тамоми донишгоҳҳои Аврупо ҳамчун дастури асосии таълими тиб хизмат кардааст. Тавре ки таърихнигорон қайд мекунанд, дар таърихи тамаддун камтар китобе ёфт мешавад, ки мисли «Ал-Қонун» дар муддати қариб ҳазор сол ба тамоми оламиён, сарфи назар аз миллату дин ва нажод, холисона хизмат карда бошад.
Имрӯз Ибни Сино барои халқи тоҷик манбаи ифтихори миллӣ ва рамзи қудрати илмиву фарҳангии ниёгонамон дар асрҳои миёна мебошад. Зери сиёсати хирадмандони Пешвои миллат, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол номи ин мутафаккири бузург баланд бардошта шуд. Номи ӯ ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ноҳияҳо, хиёбонҳо ва муассисаҳои фарҳангӣ гузошта шудааст. Муҷассамаи боҳашамати ӯ дар маркази пойтахт — шаҳри Душанбе, таҷассуми хирад ва заковати миллати тоҷик аст.
Олими тавонои олмонӣ Бурхард Брентес баҳо додааст: «Тоҷикон дар мисоли Ибни Сино фарҳанги баландпояи халқҳои Осиёи Марказиро таҷассум намудаанд. Онҳо имрӯз мероси Ибни Синоро… оқилона ҳифз мекунанд».
Хулоса, мероси Абӯалӣ ибни Сино барои мо на танҳо як саҳифаи тиллоии таърих, балки роҳнамои воқеӣ дар роҳи худшиносии миллӣ, рушди илм ва тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву хирадгароӣ мебошад.
