Яке аз масъалаҳое, ки дар ҳар як ҷаласаи роҳбарияти Хадамот таъкид мегардад ин назорат аз болои Муасисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобили дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳури мебошад. Дар ҳамин асос ҳамарӯза кормандони Хадамот корбариро пурзур намуда нисбати муассисаҳое, ки беаҳамияти зоҳир менамоянд чораҳои зарури меандешанд. Ҳафтаи ҷори мутахассисони Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар шаҳри Душанбе чунин як хунукназарии дар як қатор кучаву хиёбонҳои ноҳияи Фирдавси ва Шоҳмансур ошкор кард, ки зарурати таъмири ҷории роҳҳо мавҷуд буд, ки ба ҳаракати рафтуои воситаҳои нақлиёт халал ворид мекард. Аз ҷониби кормандони Раёсат барои бемасъулияти ва хунукназари нисбати МДНРА-и ноҳияи Фирдавсӣ ва ноҳияи Шоҳмансур чораҳои дахлдор андешида бо моддаи 511 қисми 1 протоколҳои мъмури тартиб дода шуданд.



