14-уми майи соли 2026 дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҷаласаи васеи корӣ баргузор гардид. Дар он роҳбарияти Хадамот, кормандони дастгоҳи марказӣ, ҳайати шахсии Раёсати Хадамот дар минтақаи Ҳисор ва намояндаи Шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор иштирок намуданд.
Ҷаласаи мазкур ҷиҳати иҷрои талаботи Пешниҳоди Шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор аз 31.03.2026, №28-134 “Дар бораи бартараф кардани сабаб ва шароитҳое, ки ба содир шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мусоидат намудаанд”, даъват карда шуд.
Дар рафти ҷаласа нуқтаҳои асосии Пешниҳоди Агентӣ мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифта, оид ба самтҳои зерин табодули афкор сурат гирифт:
– муайян намудани омилҳое, ки боиси содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи нақлиёт мегарданд;
– риояи қатъии меъёрҳои қонунгузорӣ ва одоби касбии кормандони Хадамот ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ;
– пешгирии ҳама гуна зуҳуроти коррупсионӣ ва баланд бардоштани масъулияти шахсии ҳар як корманд.
намояндаи Шуъбаи Агентӣ Ҳабибуллозода И.Х., зимни баромади худ оид ба оқибатҳои ҳуқуқии содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва роҳҳои самараноки пешгирии онҳо тавсияҳои мушаххас дод. Роҳбарияти Хадамот ба масъулини соҳавӣ ва ҳайати шахсии Раёсати минтақаи Ҳисор ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои зикршуда ва тақвияти назорат дар самтҳои дахлдор супоришҳои қатъӣ доданд.
Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт минбаъд низ ҷиҳати таъмини шаффофият ва иҷрои саривақтии дастурҳои мақомоти назоратӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
