23 апрели соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳимми фаъолияти ниҳод ва иҷрои стратегияҳои давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар маҷлис роҳбарият ва кормандони Хадамот, инчунин намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зимни баромад қайд гардид, ки бо мақсади иҷрои дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Вазири нақлиёт (аз 03.04.2026, №64), бо фармоиши Сардори Хадамот аз 6 апрели соли ҷорӣ нақшаи чорабиниҳои махсус тасдиқ шудааст.
«Ҳадафи асосии мо — таъмини шаффофияти фаъолият ва иҷрои босифати марҳилаи дуюми Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2026-2030 мебошад», — зикр гардид дар ҷаласа.
Иштирокчиёни ҷаласа доир ба бандҳои Нақшаи чорабиниҳо ва роҳҳои самараноки пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар соҳаи нақлиёт мубодилаи афкор намуда, ҷиҳати тақвияти корҳо дар ин самт супоришҳои мушаххас гирифтанд.















