Ҳамкасбони азиз ва ҳамватанони арҷманд!
Бо фарорасии фасли эҳёи табиат ва оғози соли нави аҷдодӣ, ҳамаи Шуморо бо ҷашни бошукӯҳи миллат — Наврӯзи байналмилалӣ самимона муборакбод мегӯям.
Наврӯз барои мо, тоҷикон, рамзи ҳастии миллат, пайванди наслҳо ва густариши сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҳз бо талошҳои Пешвои муаззами миллат ин ҷашни бостонӣ мақоми байналмилалӣ касб намуда, имрӯз ҳамчун қосиди сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату покӣ дар ҷаҳон шинохта шудааст.
Дар ин рӯзҳои Наврӯзӣ, ки табиат ҷомаи нав ба бар мекунад, соҳаи нақлиёти кишвар низ дар марҳилаи нави рушд ва модернизатсия қарор дорад. Саҳми ҳар яки Шумо дар таъмини назорати босифат, танзими ҳаракат ва роҳандозии технологияҳои муосир дар соҳаи нақлиёт қобили таҳсин аст.
Боварӣ дорам, ки мо бо нерӯи дучанд ва масъулияти баланд ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ, гомҳои устувор мегузорем.
Дар ин айёми хуҷаста, ба Шумо ва аҳли хонаводаатон тансиҳативу иқболи баланд, хонадони ободу пуфайз, дар фаъолияти касбӣ зафарҳои нав ба нав ва дар роҳҳои кишвар амнияту осоиштагӣ, таманно дорам.
Бигзор Наврӯзи оламфурӯз ба ҳар як хонадони тоҷик нурву зиё, баракат ва шодиву нишот оварад.
Наврӯзатон фирӯз бод, ҳар рӯзатон Наврӯз бод!
