Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи талаботи қонунгузории ҷорӣ, раванди навсозии нуқтаҳои назоратию баркашии воситаҳои нақлиётро бо маром идома медиҳад.
Дар доираи ин тадбирҳо, нуқтаҳои назоратӣ бо таҷҳизоти муосири инноватсионӣ, аз ҷумла:
- тарозуҳои статсионарӣ, динамикӣ ва мобилӣ;
- системаҳои худкори муайянкунии вазн (қобилияти баркашии нақлиёт ҳангоми ҳаракат бо суръати то 100-120 км/соат);
- камераҳои мушоҳидавии интеллектуалӣ;
- манбаъҳои энергияи алтернативӣ (панелҳои офтобӣ) таъмин карда мешаванд.
Ин технологияҳо имкон медиҳанд, ки вазн ва андозаи воситаҳои нақлиёти боркаш дар ҳолати ҳаракат дақиқ муайян карда шуда, дахолати омили инсонӣ ба раванди назорат коҳиш дода шавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола барои таҷдиду навсозии роҳҳои автомобилгард ва мутобиқ намудани онҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ сармояи зиёд ҷалб менамояд. Аз ин рӯ, истифодаи оқилона ва ҳифзи роҳҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як истифодабаранда аст.
Мутобиқи моддаи 82-и Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интиқолдиҳандагон ва ронандагон вазифадоранд, ки риояи меъёрҳои вазни муқарраршударо ҳангоми боркунӣ ва интиқол таъмин намоянд.
Бо мақсади пешгирии харобшавии бармаҳал ва нигоҳдории ҳолати техникии роҳҳо, Хадамот назорати шабонарӯзиро ба роҳ мондааст. Мутобиқи моддаи 311-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои вайрон кардани қоидаҳои интиқоли борҳои вазнин ва калонҳаҷм чунин ҷаримаҳо муқаррар шудаанд:
- ронандагон аз 50 то 70 нишондиҳанда;
- шахсони мансабдор аз 120 то 150 нишондиҳанда;
- шахсони ҳуқуқӣ аз 300 то 500 нишондиҳанда.
Президенти мамлакат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд: «Бояд механизми назорати рақамӣ ба ҳаракати нақлиёти боркаш ҷорӣ карда шавад».
Дар ин замина, Хадамот ва сохторҳои марбута вазифадор шудаанд, ки лоиҳаи «Шабакаи ягонаи назорати рақамии вазни нақлиёти боркаш»-ро амалӣ намоянд. Ин тадбир на танҳо боиси дароз шудани умри роҳҳо мегардад, балки шаффофияти пурраи раванди назоратро дар соҳаи нақлиёт кафолат медиҳад.














