Дар дастгоҳи марказии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт таҳти раёсати сардори Хадамот Қурбонзода Далер Қурбон ҷаласа баргузор гардид, ки дар он рафти иҷрои вазифаҳо ва тадбирҳои соҳавӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди савдои одамон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷаласа таъкид шуд, ки дар шароити муосир савдои одамон ҳамчун яке аз зуҳуроти хатарноктарини ҷинояткории фаромиллӣ ва шакли нави ғуломдорӣ арзёбӣ гардида, ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва амнияти ҷомеа таҳдид мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ сиёсати пайгиронаро дар ин самт амалӣ намуда, заминаҳои ҳуқуқии муқовимат ба ин ҷиноятро мунтазам такмил медиҳад.
Бо мақсади роҳандозии тадбирҳои муассир, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2025, № 403 «Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон барои солҳои 2025-2027» тасдиқ карда шудааст. Ин санади муҳим дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» қабул гардида, иҷрои саривақтии онро аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор талаб менамояд.
Сардори Хадамот Қурбонзода Д.Қ. қайд кард, ки соҳаи нақлиёт ва зерсохторҳои он дар занҷираи интиқоли қурбониёни савдои одамон метавонанд ҳамчун восита истифода шаванд. Аз ин рӯ, мақомоти назорати соҳавӣ вазифадор аст, ки чораҳои пешгирикунандаро мақсаднок роҳандозӣ намояд.
Дар доираи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №403, дар ҷаласа қарорҳои зерин қабул ва ба масъулин супоришҳо дода шуданд:
– Риоя ва иҷрои Нақшаи дохилиидоравии Хадамот оид ба муқовимат ба савдои одамон таъмин карда шавад;
– назорати қатъии фаъолияти ширкатҳои нақлиётии мусофиркаш дар хатсайрҳои байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати ошкор ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои ғайриқонунии интиқоли одамон таъмин карда шавад;
– дар терминалҳои нақлиётӣ, автовокзалҳо ва корхонаҳои соҳавӣ маъракаҳои иттилоотӣ ва амсолӣ доир гардида, сатҳи огоҳӣ ва маърифати ҳуқуқии ронандагону мусофирон баланд бардошта шавад;
– мувофиқи банди 3-и қарори Ҳукумат, ҳар нимсола маълумоти зарурӣ оид ба рафти иҷрои чорабиниҳо омода ва ба Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон пешниҳод гардад.
Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт минбаъд низ ҷиҳати таъмини волоияти қонун ва иҷрои уҳдадориҳои давлатӣ дар роҳи мубориза бо ин ҷинояти вазнин саҳми фаъоли худро мегузорад.




