Бахшида ба “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” ва “35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, тибқи фармоиши сардори Хадамот аз 4 июни соли 2026, таҳти №24 «Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи мусобиқаи футболи хурд байни кормандони Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот», аз 4 то 26 июни соли 2026 дар варзишгоҳи «Авиатор»-и шаҳри Душанбе мусобиқа оид ба футболи хурд баргузор гардид.
Дар ин чорабинии варзишӣ, ки барои дарёфти “Ҷоми сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт” сурат гирифт, 10 даста аз дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот дар чаҳор гуруҳ байни ҳам сабқат карданд.
Вохӯриҳои ҳалкунанда ва ниҳоии мусобиқа рӯзи 26 июни соли равон доир гардиданд:
Барои ҷойи сеюм: Дастаҳои Раёсати Хадамот дар ВМКБ ва Раёсати Хадамот дар минтақаи Рашт рӯ ба рӯи ҳам омаданд. Бозӣ бо ҳисоби 8:4 ба фоидаи футболбозони ВМКБ анҷом ёфт ва онҳо сазовори ҷойи сеюм шуданд.
Барои ҷойи аввал (ФИНАЛ): Дар вохӯрии ниҳоӣ дастаи Дастгоҳи марказии Хадамот ва дастаи Раёсати Хадамот дар шаҳри Душанбе ба майдон баромаданд. Дар ин набарди шадид дастаи Дастгоҳи марказӣ бо ҳисоби 5:1 ғалабаи комил ба даст овард.
Натиҷаҳои мусобиқа:
Ҷойи 1-ум ва соҳиби “Ҷом”: Дастаи Дастгоҳи марказии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт;
Ҷойи 2-юм: Дастаи Раёсати Хадамот дар шаҳри Душанбе;
Ҷойи 3-юм: Дастаи Раёсати Хадамот дар ВМКБ.
Дар маросими пӯшидашавии мусобиқа, ғолибон ва дастаҳои ғолиб бо ҷом, медалҳо, диплом ва сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд. Инчунин, бозингарони беҳтарини мусобиқа дар номинатсияҳои «Дарвозабони беҳтарин», «Ҳимоятгари беҳтарин» ва «Ҳамлавари беҳтарин» муайян гардида, ба онҳо мукофотҳои хотиравӣ супорида шуд.
















































