Дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони “Нақши таърихии Ваҳдати миллӣ ҳамчун пояи устувори давлатдорӣ ва омили рушди суботи иқтисодиву нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Маҷлисро Сардори Хадамот муҳтарам Қурбонзода Далер Қурбон раҳбарӣ намуда, дар он роҳбарият, кормандони Дастгоҳи марказӣ ва намояндагони воҳидҳои сохтории Хадамот иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ баромадкунандагон оид ба аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ, саҳми арзишманди Пешвои миллат дар барқарорсозии сулҳу субот, рафъи оқибатҳои солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол суханронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки маҳз бо талошҳои пайгиронаи роҳбарияти олии мамлакат сулҳу ваҳдат дар кишвар пойдор гардида, барои пешрафти босуръати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ заминаи устувор фароҳам оварда шуд.
Баромадкунандагон Ваҳдати миллиро ҳамчун дастоварди бузурги таърихии мардуми тоҷик арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки ҳифз ва таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Дар анҷоми чорабинӣ сардори Хадамот ба меҳмонони даъватшуда барои иштирок ва баргузории чунин як вохӯрии судманд изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид кард, ки чунин мулоқоту ҳамоишҳо дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои сулҳу Ваҳдати миллӣ нақши муҳим доранд.
Дар фарҷоми маҷлис бо назардошти мулоҳизаҳои иштирокдорон қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.





