Дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот вобаста ба амалисозии «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» ва Нақшаи амал оид ба татбиқи он маҷлис баргузор гардид.
Дар маҷлис Сардори Хадамот Қурбонзода Д.Қ. доир ба моҳият ва муҳтавои Стратегияи мазкур, инчунин Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии он барои солҳои 2026-2030 маълумоти муфассал дод. Мавсуф вобаста ба хатари густариши ин зуҳуроти нангин барои ҷомеа, вусъат бахшидани фаъолият дар ин самт ва ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ, махсусан дар байни ҷавонон, тавсия ва дастурҳои зарурӣ дод.
Аз ҷониби роҳбарият ва баромадкунандагон қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори ҷомеаи ҷаҳонӣ алайҳи ин зуҳуроти номатлуб чораҳои қатъӣ меандешад.
Таъкид гардид, ки тамоми кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот, инчунин ҳар як фарди ватандӯсту соҳибмаърифатро зарур аст, ки аз оқибатҳои фоҷиабори ин хатар бохабар буда, дар муқовимати дастаҷамъона бар зидди он саҳми фаъол гузоранд.
Дар анҷоми ҷаласа иштирокчиён оид ба масъалаҳои мубрами мубориза бо экстремизм ва терроризм мубодилаи афкор намуданд.
