Қурбонзода Далер Қурбон –
Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт
Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи бузургтарин дастовардҳои таърихии халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор рафта, пояи устувории давлатдорӣ ва шарти асосии рушди ҷомеа мебошад. Таҷрибаи давлатдории муосири Тоҷикистон собит намуд, ки пешрафту тараққиёти ҷомеа, таъмии суботи сиёсӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ маҳз дар заминаи сулҳу оромӣ ва ҳамдигарфаҳмии шаҳрвандон имконпазир аст.
Агар ба таърихи навини давлатдории тоҷикон назар афканем, равшан мегардад, ки роҳи расидан ба ваҳдати миллӣ осон набуд. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бар асари ихтилофҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ кишвари ҷавон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки он ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавии ҷомеа таъсири амиқ расонд. Ин фоҷиа боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор одамон гардида, садҳо ҳазор шаҳрвандонро муҳоҷир сохт ва ба хоҷагии халқу иқтисоди миллӣ хисороти бузург ворид намуд.
Дар чунин шароити ҳассосу тақдирсоз, ҷомеа ба роҳбаре ниёз дошт, ки тавонад мардумро муттаҳид сохта, ба низоъҳои дохилӣ хотима бахшад. Роҳбари доно ва хирадманди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ иброз дошта буданд:
«Ман кори худро аз сулҳ оғоз карда, ба мардуми азияткашидаи кишварам сулҳу оромӣ меорам».
Ваҳдати миллӣ ва сулҳи пойдори тоҷикон дар ҳашт даври музокирот ва 24 вохӯрӣ аз апрели соли 1994 оғоз гардида, баъд аз чандин соли гуфтушунидҳои мураккаб, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин санади сарнавиштсоз ба муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, хатари аз байн рафтани давлатдории миллиро пешгирӣ намуд. Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун намунаи муваффақи ҳалли мусолиматомези низоъҳо дар сатҳи байналмилалӣ эътироф ва мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид қарор гирифтааст.
Баъд аз ба имзо расидани Созишномаи тақдирсоз, Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади мустаҳкам намудани ваҳдати миллӣ ва эҳёи тафаккури миллӣ, анъана ва фарҳанги халқи тоҷик роҳи амиқро пеш гирифт. Дар ин раванд аз тарафи парлумони кишвар як қатор ҳуҷҷатҳо ва қонунҳои муҳим қабул карда шуданд, ки пойдевори ҳуқуқии ҷомеаро устувор намуданд.
Ин заминаҳои ҳуқуқӣ ва сохторӣ имконият доданд, ки қонунгузории соҳавӣ, аз ҷумла низоми назорат ва танзими соҳаи нақлиёт низ дар фазои сулҳу амният марҳила ба марҳила рушд ёфта, ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардад.
Ваҳдати миллӣ барои рушди иқтисодии кишвар заминаи мусоид фароҳам овард. Танҳо дар фазои ором ва устувор имконияти ҷалби сармоягузорӣ ва амалисозии лоиҳаҳои бузурги иқтисодӣ ба вуҷуд меояд. Муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати соҳибистиқлолии Тоҷикистон зарурати сохтмони роҳҳои нави дохилию беруниро ба миён гузошт.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ, оромиву амнияте, ки аз баракати сулҳу ваҳдат тасаллут ёфт, барои бунёди сохтмонҳои азим ва равнақи самтҳои мухталифи иқтисодиёт пояҳои мустаҳкам гузошт. Дар ин марҳила:
– инфрасохтори иқтисодиву нақлиётии мамлакат ба таври назаррас рушд ёфт;
– сохтмони роҳҳои байналмилалӣ, нақбҳо, пулҳо ва дигар иншооти муҳими стратегӣ барои таҳкими иқтидори иқтисодии кишвар ва баромадани Тоҷикистон аз бунбасти нақлиётӣ мусоидат намуданд.
Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҳамчун яке аз сохторҳои муҳими давлатӣ, имрӯз дар заминаи ин дастовардҳо фаъолияти худро ҷиҳати таъмини назорат ва танзими қонунии воситаҳои нақлиёт ва хизматрасониҳои нақлиётӣ равона сохтааст, ки ин ҳама мустақиман самараи фазои сулҳу ваҳдати кишвар мебошад.
Бо гузашти солҳо аҳамияти Ваҳдати миллӣ боз ҳам бештар эҳсос мегардад. Имрӯз он барои рушди устувор, таъмини амният, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва таҳкими мавқеи байналмилалии Тоҷикистон аҳамияти калидӣ дорад.
Ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла ҳар як корманди соҳаи нақлиёти кишвар маҳсуб меёбад. Мо — кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, тамоми кӯшиш, дониш ва малакаи худро барои иҷрои қонунгузории ҷорӣ, рушди устувори соҳа, таъмини сифати хизматрасониҳо ва ҳифзи ин неъмати бебаҳо — Ваҳдати миллӣ равона месозем, зеро ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва пешрафти давлат маҳз ба ҳамбастагии тамоми шаҳрвандон вобаста аст.
