Ҳамкорони гиромӣ ва ҷавонони азиз!
Аз номи роҳбарият ва тамоми ҳайати кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Шуморо ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки яке аз санаҳои зафариву нишотангези даврони соҳибистиқлолии кишварамон мебошад, самимона табрик мегӯям.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ҳамчун «созандагони ватан ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон» арзёбӣ намуда, ҳамеша ба неру ва ташаббусҳои бунёдкоронаи онҳо такя мекунанд. Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки ҷавонони мо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла дар рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва назорату танзими комплекси нақлиётӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Соҳаи нақлиёт яке аз унсурҳои калидии иқтисодиёти миллӣ ва ҳадафи стратегии кишвар ба шумор рафта, таҳким ва пешрафти он аз дониши муосир, неруи зеҳнӣ ва масъулияти баланди мутахассисони ҷавон вобастагии калон дорад. Мо ифтихор дорем, ки имрӯз дар сохтори Хадамот ҷавонони боистеъдод, ватандӯст ва содиқ ба касб фаъолият намуда, дар назорат ва танзими соҳаи нақлиёт нақши фаъол доранд.
Дар ин рӯзи саиду хотирмон ба ҳамаи Шумо — ҷавонони саодатманди диёр, саломатии бардавом, саодати рӯзгор, илҳоми эҷодӣ ва дар фаъолияти кориатон баҳри шукуфоии Тоҷикистони азиз зафару комёбиҳои нав таманно дорам.
Рӯзи ҷавонон муборак, созандагони ояндаи Ватан!
