Дар доираи аксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Рӯзи ҷаҳонии футбол бо нишони ташаббусҳои муҳтарам Рустами Эмомалӣ», аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт — Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Назорати нақлиёт” муҳтарам Қурбонзода Далер Қурбон пироҳани варзишӣ ва тӯби футбол тақдим карда шуд.
