Дар дастгоҳи марказии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт таҳти раёсати Сардори Хадамот – Қурбонзода Д.Қ., ҷаласаи кории роҳбарият ва кормандони воҳидҳои сохторӣ баргузор гардид. Мавзӯи асосии ҷаласа таҳлили раванди иҷрои талаботи қонунгузорӣ дар самти пешниҳоди эъломияҳо дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии хизматчиёни давлатӣ барои соли 2026 буд.
Сардори Хадамот Қурбонзода Д.Қ. зимни баромад таъкид намуд, ки риояи дақиқи моддаи 21-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва моддаи 31-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» вазифаи муҳим ва ҷонии ҳар як хизматчии давлатӣ ба шумор меравад. Қайд гардид, ки эъломияҳо бояд ҳамасола то 1-уми апрел пешниҳод карда шаванд ва ин талабот ҳангоми қабули довталабон ба кор тариқи озмун низ ҳатмӣ мебошад.
Дар рафти ҷаласа натиҷаҳои мактуби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04.2026 мавриди омӯзиш қарор гирифта, раванди мониторинги супоридани эъломияҳо ба таври интиқодӣ таҳлил карда шуд. Сардори Хадамот огоҳ намуд, ки барои саривақт пешниҳод накардани эъломия мувофиқи қонунгузорӣ чораҳои қатъии интизомӣ дида мешавад.
Дар натиҷаи ҷаласа қарорҳои зерин қабул гардиданд:
– ҳамаи хизматчиёни давлатии Хадамот вазифадор шуданд, ки ҷиҳати риояи муҳлатҳои супоридани эъломияҳо масъулияти шахсӣ эҳсос намуда, аз ҳар гуна ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ дар ин самт худдорӣ намоянд;
– роҳбарони воҳидҳои сохторӣ вазифадор шуданд, ки назоратро аз болои кормандони зертобеъ пурзӯр карда, дар сурати ошкор шудани кашолкорӣ барои андешидани чораҳои интизомӣ ба роҳбарият пешниҳод манзур кунанд;
– Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус вазифадор гардид, ки ҷараёни пешниҳоди эъломияҳоро таҳти мониторинги доимӣ қарор дода, натиҷаҳои онро саривақт ба Агентии хизмати давлатӣ гузориш диҳад.
