Дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт мулоқоти Сардори Хадамот Қурбонзода Далер Қурбон бо намояндагони ширкати бонуфузи «REXGEN»-и Кореяи Ҷанубӣ доир гардид.
Дар мулоқот кормандони масъули Хадамот ва роҳбарияти КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, масъалаҳои татбиқи технологияҳои муосирро дар инфрасохтори роҳҳои кишвар баррасӣ карданд.
Мавзӯи марказии гуфтушунид ба насбу васли тарозуҳои динамикӣ (WIM – Weigh-in-Motion) ва камераҳои назоратии зеҳнӣ бахшида шуд. Ин технологияҳо имкон медиҳанд, ки:
– муайян намудани вазн дар ҳолати ҳаракат: Воситаҳои нақлиёти боркаш бе таваққуф ва эҷоди тамбашавӣ аз санҷиши вазну андоза гузаронида мешаванд;
– назорати видеоии 24/7: Камераҳои дорои зеҳни сунъӣ рақамҳои давлатии воситаҳои нақлиётро шинохта, вайронкуниҳои қоидаҳои ҳаракат ва меъёрҳои борбариро сабт мекунанд;
– пардохтҳои рақамӣ: Низоми нав таъини ҷаримаҳо ва пардохти онҳоро тариқи дастгоҳу таҷҳизоти рақамӣ ба роҳ монда, омили инсониро дар ин раванд пурра аз байн мебарад;
– ҳадаф: Ҳифзи роҳҳо ва шаффофияти амалиёт.
Сардори Хадамот, Қурбонзода Далер Қурбон, зимни суҳбат таъкид намуд, ки татбиқи технологияҳои инноватсионии ширкати «REXGEN» дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба суръатбахшии раванди рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллии кишвар амалӣ карда мешавад.
Мавсуф қайд кард, ки ворид намудани ин низоми муосир мутобиқи талаботи қонунгузории ҷорӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006 №779 “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2025, №597 “Дар бораи Феҳристи хизматрасониҳои давлатӣ”, Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.09.2022 №483), қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.03.2022 №124 “Дар бораи Қоидаҳои муносиб ва автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ”, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 «Дар бораи чораҳои вусъат бахшидани ҳисоббарории ғайринақдӣ», амалӣ намудани Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати автоматикунонии раванди пешбурди корҳои маъмурӣ дар соҳаи нақлиёт заминаи мусоидро барои назорати автоматикунонидашуда фароҳам меорад. Ин иқдом на танҳо ба ҳифзи сифати роҳҳои мошингард аз таъсири манфии воситаҳои нақлиёти вазнашон аз меъёр зиёд равона шудааст, балки ҷиҳати таъмини шаффофияти комил, коҳиш додани омили инсонӣ дар фаъолияти нозирон ва боло бурдани фарҳанги истифодаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ нақши калидӣ мебозад.







