Бахшида ба “Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ” дар доираи “Соли 2024 – Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис Қурбонзода Д.Қ. – Сардори Хадамот ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, ҳайати кормандонро бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ табрик намуда, таъкид намуд, ки имруз рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ аст, бинбар ин, бо ин иди касбии мову шумо, ки таҷлили он дар давраи Истиқлоли давлатӣ ба ҳукми анъана даромадааст, муборак бод мегуям.
Таърихи таҷлили ин ҷашн аз он сарчашма мегирад, ки 25 июли соли 1939 қарори махсуси Комиссариати халқии РСС Тоҷикистон оид ба ташкили сохторҳои нақлиёти автомобилӣ ба тасвиб расида, тибқи муқарарароти он ҳамаи хоҷагиҳо, муассисаҳои автомобилӣ ва корхонаҳои таъмири автомобилӣ муттаҳид карда шуданд. Баъдан ин сохтор мунтазам ташаккул ёфта, ба таври расмӣ ҳамчун як қисми таркибии шабакаи нақлиётии собиқ иттиҳоди Шуравӣ шинохта шуд.
Вобаста ба қарори болозикр 25 –уми июл иди касбии нақлиётчиён қабул гардида, имсол мову шумо бо тантана ва сазовор 85 – солагии онро ҷашн мегирем.
Мавриди зикр аст, ки санаи 28 – уми декабри соли 2023 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикитстон дар Паём Соли 2024 – ро ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуданд.
Зеро, маърифати ҳуқуқӣ маҷмуи андешаҳои одамон дар бораи қонун, татбиқи он ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, ки дар шакли дониш эътиқод меъёрҳо ва муносибатҳои аз ҷониби ҷомеа қабул шуда, ташаккул ёфтааст.
Бояд қайд намуд, ки дар асоси Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2028 аз 6 феврали соли 2018 №1005 баланд бардоштани сатҳи маърифат ва шуури ҳуқуқии мардуми Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва ҳамчун фаъолияти мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамиятиву сиёсӣ оид ба муайян намудани мақсадҳо, вазифаҳо, афзалиятҳо, воситаҳо, шаклҳои тарбияи ҳуқуқӣ баромад менамояд.
Бинобар ин, ташкили дурусти фаъолияти назорат ва танзим дар комплекси нақлиётӣ ва роҳандозӣ намудани фаъолияти бонизому самарабахш яке аз вазифаҳои ҳалталаби соҳа буда, имрузҳо ҳиссагузории Хадамот ҷиҳати беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон баръалло назаррас аст.
Имруз ба зимаи нақлиётчиён вазифаи муҳим – ба кишвари муосири транзитӣ табдил додани Тоҷикистон вогузор гардидааст ва итминони комил дорам, ки дар ҳамбастагӣ ва заҳмати софдилона таҳти ҳидоятҳои Сарвари хирадманди давлатамон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз уҳдаи ин вазифаи пурмасъул низ сарбаландона хоҳем баромад
Бори дигар, Иди касбии кормандони соҳаи нақлиёти автомобилиро ба ҳамаи собиқадорон ва кормандон табрик гуфта, барояшон сиҳатмандӣ, хотири ҷамъ, саодату хушбахтӣ ва аз ҳама муҳим фазои орому осоиштаро дар кишвари азизамон Тоҷикистон таманно намуда, дар фаъолияти пурифтихоршон комёбиҳоро таманно менамоям.
Дар фарҷоми маҷлис, кормандон бо сухани табрикотӣ баромад намуда, сипас ба муносибати “Рӯзи корамандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ” якқатор фаъолони соҳаи нақлиёт барои саҳми арзандаашон дар рушди соҳа бо сипосномаи Хадамот қадрдонӣ карда шуданд.