Хадамот хизматрасониҳои зеринро анҷом медиҳад:
– назорати риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳои байналмилалӣ дар комплекси нақлиёт, ки тартиби фаъолияти нақлиёти автомобилӣ, обӣ, роҳи оҳан ва хоҷагии роҳҳо, инчунин фаъолияти ба раванди нақлиётӣ вобастаро аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ сарфи назар аз шакли моликияташон, муқаррар мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2018, №536, аз 27.02.2020, №125);
– танзими давлатии фаъолияти соҳаи нақлиёт ва хоҷагии роҳҳо, инчунин фаъолияте, ки ба раванди нақлиётӣ вобастагӣ дорад;
– додан, аз нав ба расмият даровардан ва дароз намудани муҳлати амали иҷозатномаҳо (литсензияҳо) ҷиҳати анҷомдиҳии фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ, сохтмон, таъмир ва барқарор кардани роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан ва иншооти роҳ, оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, оид ба хизматрасонии техникӣ ва таъмир дар нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, терминалҳои мусофиркашонӣ ва боркашонӣ ва дигар фаъолиятҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2018, №536, аз 27.02.2020, №125, аз 29.12.2022, №620);
– додани иҷозатномаҳои махсус барои кашонидани борҳои вазнин ва калонҳаҷм;
– додани сертификати баркашии воситаҳои нақлиёт;
– сертификаткунонӣ дар нақлиёти роҳи оҳан (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2018, №536, аз 27.02.2020, №125);
– тартиб додани феҳристи иҷозатномаҳои додашуда;
– додани маълумот аз феҳристи иҷозатномаҳои додашуда ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ;
– ташкили аз роҳҳои автомобилгард гузаронидани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳояшон аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд;
– таъмини шароит барои фаъолияти мӯътадили бозори хизматрасониҳои нақлиётӣ ва дигар хизматрасониҳо вобаста ба раванди нақлиётӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2022, №620);
– баҳисобгирии воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва борро амалӣ менамоянд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2022, №620);
– баҳисобгирии истифодаи рухсатномаҳо барои амалӣ намудани ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ дар нуқтаҳои гузариш тавассути сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– санҷиши ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ ва иҷозатномадиҳӣ барои амалӣ намудани ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва (ё) бор;
– назорати риояи реҷаи кор ва истироҳати ронандагони воситаҳои нақлиёти механикие, ки бо тахограф таҷҳизонида шудаанд;
– ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи тартиби муқарраршуда додани сертификат ҷиҳати амалӣ намудани хизматрасониҳои соҳаи нақлиёт (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2022, №620). Бо мақсади боз ҳам пурра муайянсозии мутобиқати кору хизматрасониҳои соҳаи нақлиёт ба меъёрҳои муқарраргардида дар сохтори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010, №399 Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази сертификатсиякунони кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» таъсис дода шуд.