Author: Transcontrol

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба водии Рашт аз ноҳияи Тоҷикобод ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи муваққатӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро масъулин, сокинон ва намояндагони касбу кори гуногуни ноҳия гарму самимӣ истиқбол намуданд. Сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт аз тақдими манзилҳои истиқоматӣ ба сокинони аз заминларза зарардида дар маҳаллаи Навбунёди Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак оғоз ёфт. Тавре иттилоъ дода шуд, заминларзаи санаи 13 апрели соли 2025 ба сокинони деҳоти Аскалон ва Ҳиҷборак зарари зиёди моддӣ расонд. Ин офати табиӣ боиси пурра аз байн рафтани…

Read More

Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҷиҳати ба тартибу низоми муайян даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофирбари таксӣ дар шаҳру ноҳияхои вилоят назоратро дучанд пурзӯр намуда, нисбати ронандагоне, ки ғайриқонунӣ мусофирбари менамуданд ва ё шарту талаботи иҷозатномаро дағалона вайрон кардаанд ва ҳамчунин дигар намуди қоидавайронкуниҳои гуногунро вобаста ба ҳаракат дар роҳ содир намуданд, маводҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барасмият даровардашуда, ҷаримабандӣ гардиданд.

Read More

Сардори Хадамот натиҷаи нишондиҳандаҳои фаъолияти Раёсатро дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, дар самти таъмини иҷрои талаботи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.12.2006, №779 дар бораи «Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраргардида зиёданд» ва аз 08.11.2011, №569 «Дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои вазн ва сарборӣ ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати онҳо дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум» қатъӣ вазифагузорӣ намуд, ки ҷиҳати ба танзим даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти гаронвазн назоратродучанд пурзӯр намуда, ҳаракати ғайриқонунии онҳо дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум пурра аз байн бурда шавад. Таъкид гардид,…

Read More

Санаи 11 августи соли ҷорӣ ҷаласаи назоратии назди Сардори Хадамот баргузор гардид. Дар ҷаласаи баргузоргардида масъалаҳои муҳим ва мубрами марбут ба фаъолияти Хадамот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, аз ҷумла, танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёти гаронвазну калонҳаҷм ва нақлиёти мусофирбар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, ки зарурати таҳияи чораҳои дақиқ барои ҳимояи роҳҳои автомобилгард аз вайроншавии бармаҳал ва таъмини хизматрасонии босифат мебошад. Ҳамзамон, қайд гардид, ки барои таъмини хизматрасонии босифат, риояи қонунҳо, назорат дар нуқтаҳои назоратию баркашӣ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ бояд пурзӯр карда шавад, зеро иқдоми мазкур ба коҳиши қонуншиканиҳо ва баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ нигаронида шудааст. Дар баробари ин, истифодаи технологияҳои муосир,…

Read More

Терроризм ва экстримизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳон ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Эмомалӣ Раҳмон. Санаи 11 августи соли 2025 дар асоси нақша-чорабиниҳои Хадамот бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии кормандон, маърифати шаҳрнишинии шаҳрвандон, роҳ надодани фарҳангӣ ба миллати мо бегона ва пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти терористиву экстремистӣ дошта, бо иштироки намояндагони Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Хадамот маҷлис баргузор…

Read More

Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Кулоб ҷиҳати ба тартибу низоми муайян даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофирбари таксӣ дар шаҳри Кулоб назоратро дучанд пурзӯр намуда, нисбати ронандагоне, ки ғайриқонунӣ мусофирбари менамуданд ва ё шарту талаботи иҷозатномаро дағалона вайрон кардаанд ва ҳамчунин дигар намуди қоидавайронкуниҳои гуногунро вобаста ба ҳаракат дар роҳ содир намуданд, маводҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барасмият даровардашуда, ҷаримабандӣ гардиданд.

Read More

Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Бохтар ҷиҳати ба тартибу низоми муайян даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофирбари таксӣ дар шаҳри Бохтар назоратро дучанд пурзӯр намуда, нисбати ронандагоне, ки ғайриқонунӣ мусофирбари менамуданд ва ё шарту талаботи иҷозатномаро дағалона вайрон кардаанд ва ҳамчунин дигар намуди қоидавайронкуниҳои гуногунро вобаста ба ҳаракат дар роҳ содир намуданд, маводҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барасмият даровардашуда, ҷаримабандӣ гардиданд.

Read More

Санаи 26 – уми июли соли 2025 кормандон чамъ омада, барои кор асбобу анҷоми заруриро гирифта, ба гуруҳҳо ташкил карда шуда буданд, ки корҳои гуногунро ба анҷом расонидан. Аз ҷумла: тоза кардани партовҳо, ранг кардани деворҳо, кашонидани хошоку баргҳо, тоза кардани майдону пайраҳаҳои атрофи бино фаъолона иштирок намуда, барои ба вуҷуд овардани майдони тозаю обод диққати махсус дода шуд.

Read More

Муҳтарам кормандон ва ҳамкасбони азиз! Шуморо ба муносибати Рӯзи касбӣ – “Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола ҳамчун иди касбӣ таҷлил мегардад, самимона табрик гуфта, сиҳату саломатӣ, сарбаландӣ ва саодати ҷовидонӣ орзу менамоям. Асоси таърихии таҷлили ҷашни мазкур қарори махсуси Комиссариати халқии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон оид ба ташкили сохторҳои нақлиёти автомобилӣ аз 25 июли соли 1939 мебошад, ки ҳамасола 25-уми июл ҳамчун “Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷлил карда мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақлиёти автомобилӣ яке аз воситаҳои асосии ҳамлу нақл ба ҳисоб рафта, ҳаёти ҳаррӯзаи…

Read More

Ба муносибати “Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ”, санаи 25 – уми июли соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, таҳти Қурбонзода Далер Қурбон – Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт чорабинии тантанавӣ бо иштироки кормандони Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот баргузор гардид. Қурбонзода Далер Қурбон – Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҳамаи кормандон ва дар симои онҳо тамоми нақлиётчиёнро табрик намуда, зикр кард, ки Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақлиёти автомобилӣ яке аз воситаҳои асосии ҳамлу нақл ба ҳисоб рафта, ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеаро бидуни нақлиёт тасаввур кардан ғайриимкон аст.…

Read More