Санаи 12-уми сентябри соли 2025, ки ба якшанбеи дуюми моҳи сентябр рост меояд ва ҳамчун Рӯзи роҳсозон муқаррар гардидааст, дар толори маҷлисгоҳи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинии муҳим, ки бо иштироки масъулини соҳа, намояндагони вазоратҳо ва идораҳои марбут ва кормандони соҳаи нақлиёт сурат гирифт, ба кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт низ бо нишони сарисинагӣ, ифтихорнома ва сипосномаҳо қадрдонӣ шуд. Ин чорабинӣ на танҳо ба таҷлили дастовардҳои роҳсозон дар рушди инфрасохтори нақлиётӣ бахшида шуда буд, балки ҳамчун ифодаи эътирофи давлатӣ ба меҳнаткашони соҳа хидмат намуд, ки дар солҳои охир бо лоиҳаҳои…
Author: Transcontrol
Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди дорои аҳаммияти ҷумҳуриявии Балҷувон-Сари Хосор шинос шуданд. Роҳи мазкур яке аз лоиҳаҳои муҳимми инфрасохтори нақлиётӣ дар минтақа ба шумор меравад. Амалӣ шудани ин тарҳ имконият медиҳад, ки алоқаи доимӣ ва босифати нақлиётӣ байни деҳаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияҳои Балҷувон ва Сари Хосор таъмин гардида, шароити зиндагии аҳолӣ беҳтар ва имконияти иҷтимоиву иқтисодии минтақа густариш ёбанд. Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи беҳтарсозии роҳи мошингарди Балҷувон-Сари Хосор масоҳати умумии 54,1 километр ва…
Табрикоти Қурбонзода Далер Қурбон – сардориХадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиётба муносибати 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонИстиқлол дар назди миллати тоҷик рисолати бузургеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум мебошад. Эмомалӣ РаҳмонИмрӯзҳо мо бо ифтихору сарбаландӣ 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Ин рӯзи…
Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Ҳисор ҷиҳати ба тартибу низоми муайян даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофирбари таксӣ дар минтақаи Ҳисор назоратро дучанд пурзӯр намуда, нисбати ронандагоне, ки ғайриқонунӣ мусофирбари менамуданд ва ё шарту талаботи иҷозатномаро дағалона вайрон кардаанд ва ҳамчунин дигар намуди қоидавайронкуниҳои гуногунро вобаста ба ҳаракат дар роҳ содир намуданд, маводҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барасмият даровардашуда, ҷаримабандӣ гардиданд.
Имрӯз дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бахшида ба 34 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо садо додани Суруди миллӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.Дар ҷаласа роҳбарияту кормандони Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот, инчунин меҳмонон Ҳабибзода Зоир Иззат – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Сангинзода Дониёр Шомаҳмад – муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор иштирок намуданд. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Қурбонзода Далер Қурбон – сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҳусни…
Санаи 1 сентябри соли 2025 таҳти раёсати Қурбонзода Далер Қурбон, Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими фаъолияти Хадамот, аз ҷумла: назорати риояи қонунгузорӣ ва танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар; бартараф кардани гузариши воситаҳои нақлиёти гаронвазн ва калонҳаҷм бо бори аз меъёри муқарраршуда зиёд, ҷиҳати пешгирии роҳҳои автомобилгард аз вайроншавии бармаҳал; ба низом даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти ифлос ва бе пардаи ҳимоявӣ ҳаракаткунанда; азназаргузаронӣ ва зери назорат қарор додани раванди сохтмон, таъмир ва азнавсозии лоиҳаҳои роҳҳои автомобилгард,; гузариш ба раванди пурраи…
Ҳамватанони азиз, устодону омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагони гиромӣ!Ба муносибати Рӯзи дониш, ки яке аз ҷашнҳои муҳими маънавии мост, шуморо самимона табрик мегӯям!Ин рӯз рамзи маърифату илм, пешрафту созандагӣ ва ояндаи дурахшони миллати мост.Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таъкид намуданд “дониш калиди пешрафт ва ояндаи дурахшони давлату миллат аст.” Илму дониш асоси рушди ҷомеа ва пешрафти ҳар як фард аст. Маҳз тавассути дониш мо метавонем роҳҳои навро кашф намоем, мушкилотро ҳал кунем ва ба қуллаҳои баланди комёбӣ расем. Дар ин рӯзи муборак, мо ба омӯзгорон,…
26 август сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба водии Рашт пас аз ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт дар ноҳияи Нуробод идома ёфт. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз истиқболи самимии роҳбарият ва сокинони ноҳия нахуст бо лоиҳаи пули мошингузар шинос шуданд. Иншоот аз лиҳози тарҳу услуб бузургтарин пули мошингузар дар миқсёи ҷумҳурӣ буда, бо дарозии 920 метр ва паҳноии 15 метр сохта мешавад. Лоиҳа давоми 4 соли оянда татбиқ шуда, иҷрои он натанҳо воситаи ба ҳам пайвастани ду соҳили дарёи Сурхоб, балки аз лиҳози замина гузоштан ба истифодаи васеи имкониятҳои саноативу сайёҳӣ дар ташаккули иқтисоди миллӣ…
26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи таъмиру навсозишуда аз гардиши Роғун – Оби гарм то маркази шаҳри Роғунро ба истифода доданд. Ин масир 11 км буда, дар доираи корҳои ободонӣ ва рушди инфрасохтори зарурӣ дар шаҳри Роғун мумфарш карда шудааст ва ҳаракати озоди воситаҳои нақлиёту иртиботи шаҳр бо дигар минтақаҳоро беҳтар менамояд. Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Роҳҳо омили асосии пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ буда, ба таъмини зиндагии шоистаи мардум замина мегузоранд. Бунёд ва навсозии роҳҳо дар шаҳри Роғун низ дар заминаи ҳамин сиёсати созандаи Роҳбари давлат амалӣ карда мешаванд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ…
26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи боздид аз ноҳияи Нуробод ба фаъолияти муҳимтарин иншоот дар водии Рашт – роҳи Оби гарм – Нуробод оғоз бахшиданд. Лоиҳа дар идомаи таваҷҷуҳи роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба беҳсозии шароити рӯзгори мардум иҷро шуда, Тоҷикистонро ба татбиқи ҳадафи стратегии раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ наздик мекунад. Ин масир пойтахтро бо марказҳои маъмурии ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш пайваст намуда, равобит дар ҳама самтҳо, аз ҷумла гардиши савдо байни Тоҷикистону Қирғизистон ва транзити минтақавиро густариш медбахшад. Ҳаракат дар масири қаблӣ ба самти ноҳияҳои водии Рашт ронандагону…